Бахшҳо

(ВИДЕО) Иштирокчии садамаи Чернобил: 18 сол аст саргардонам...

Як зани 57-солаи тоҷик, ки иштирокчии садамаи атомии Чернобил аст, мегӯяд, муроҷиату дархостҳои 18 солааш ба Президент ва шаҳрдорӣ барои дастрас намудани манзил ва ё ҳадди ақал қитъаи замин натиҷае надодааст.

Бибигул Саъдиева, ки дар гузашта корманди Филармонияи давлатии Тоҷикистон будааст, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, қариб ҳар моҳ унвонии Президент мактуб ирсол мекунад: “Ман ба онҳо менависам, онҳо ба шаҳрдорӣ дастур медиҳанд, аз шаҳрдорӣ маро даъват мекунаду мегӯяд, хона надорем, таъмин карда наметавонем”.

Ба гуфтаи хонум Саъдиева, баъди муроҷиатҳои зиёд соли 2006 шаҳрдорӣ барои дар Ховарон ҷудо кардани 3 сотих замин қарор баровард, аммо ҳанӯз барои гирифтани он муваффақ нашудааст: “Аз он қарор, ки соли 2006 буд, 10 сол гузашт, вале то имрӯз заминро надодаанд, ки ақалан як кулба пушонда бо фарзандонам зиндагӣ кунам. Ҳар сол меравам, мегӯянд навбати шумо нарасидааст”.



Бибигул Саъдиева замони Шӯравӣ дар ҳайати ансамбли “Бонувони рубобчӣ”-и Филармонияи давлатӣ ба ҳайси навозанда ва сароянда фаъолият карда, замони рух додани ҳодисаи Чернобил дар Киев қарор доштааст: “Моро соли 1986 барои иштирок дар фестивали баҳории ҷавонони Киев даъват карданд ва шаби сеюми дар Киев буданамон таркиш рух дод, ки ҳама зарар диданд”.

Ӯ меафзояд, бо вуҷуди ин ҳама он замон дар Киев як ҳафта консерт доданд: “Дар фурудгоҳ гуфтанд, аъзои ансамбл аз ҷониби давлат бенавбат муолиҷа шуда, ба истироҳатгоҳ фаро гирифта мешаванд. Инак аз он рӯзҳо 30 сол гузашту ҳама чиз бетағйир монд”.

Ба гуфтаи Саъдиева, метавонист ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ки сарпарастии чернобилчиҳо мебошад, муроҷиат кунад, аммо ин корро анҷом надод: “Чунки ман Ватан дорам, дар вақташ мо Ватан гуфта хизмат кардем, имрӯз ҳам ҳамон Ватан аст, дигар нашудааст, ҳамон Тоҷикистон аст, ки барои муаррифии он мо рафта хизмат кардем”.

Вай гуфт, баъди 20 соли садама аъзои “Иттифоқи чернобилчиён” шуда ва нафақае, ки мегирад, ҳатто барои пардохти пули иҷорааш намерасад: “Ман се фарзанди заҳролуд дорам, ки ҳар сол бояд табобат гиранд. Худам ҳам бояд табобат гирам, аммо маблағ надорем. Фарзандонат сиҳат гуфта, нафақаи онҳоро намедиҳанд”.

Бибигул Саъдиева мегӯяд, 18 соли муроҷиатҳои бенатиҷа зиёд хастааш кардааст. Ӯ бори дигар аз раисиҷумҳур ва раиси шаҳри Душанбе хоҳиш кард, барои соҳиби хона ё қитъаи замин барои бунёди манзил шудани ӯ ёрии худро дареғ надоранд: “Ман дигар намедонам ба куҷо муроҷиат кунам. Дардамро касе намешунавад...”
Мӯҳр
а
Хайр рафти Киев гастрол, захролуд шуди, айби хукумати Точикистон чи? Масофаи байни Киев ва Чернобыль 135 километр аст. Шубхаовар аст ки он чо захролуд шуда бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)