Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:51

ВМ: Нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 100% иҷро шуд

25 ноябр 2011, 06:35

Нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи артиши миллӣ дар Тоҷикистон, ки тайи ду моҳ идома дошт, ба пуррагӣ иҷро шуд.


Тавре Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи дафтари матбуоти вазорати мудофиа ба хабаргузориии «Озодагон»  иттилоъ дод, сарбозоне, ки ба қисмҳои низомӣ шомил гардидаанд, ба курсҳои кӯтоҳмуддати ибтидоии ҳарбӣ фаро гирифта шудаанд: «Ҳамаи наваскарон баъди шомил шудан ба сафҳои қувваҳои мусаллаҳ дар қисмҳои низомӣ ба таълиму тарбия ва дар курсҳои кӯтоҳмуддати омодагии ибтидоӣ ҷалб карда мешаванд. Ин гуна курсҳо дар бисёре аз қисмҳои низомӣ созмон ёфта, наваскарон ба ҳайси сарбозони комилҳуқуқи қувваҳои мусаллаҳ  савганди ҳарбӣ ёд мекунанд».

Манбаъ афзуд, феълан дар бисёре аз қисмҳои низомӣ, навъҳои қувваҳои мусаллаҳ, ҷузъу томҳои алоҳидаи тобеи вазорати мудофиа ва умуман дар дигар сохторхои қудратии мамлакат маросими савгандёдкунии наваскарон ҷараён дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!