Бахшҳо

Тағйири бархӯрди Убайдуллоев бо таксиҳои “3-сомонӣ”: Суду зиёнашонро омӯзед

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе супориш додааст, суду зиён ва имкони истифодаи мусофирбарҳои сабукравро дар хатсайрҳои пойтахт мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Тавре Низом Ҳакимов, ноиби Убайдуллоев дар умури нақлиёт имрӯз, 29-уми сентябр ба “Озодагон” иттилоъ дод, дар пойтахт хатсайри пилотӣ ташкил шудааст, ки дар jy мусофирбарҳои сабукрав ҳаракат мекунанд: “Санҷиш як моҳ давом хоҳад кард ва хулосаи ниҳоӣ баъди анҷоми он пешниҳод мешавад”.

Ҳакимов афзуд, ки мухолифи “таксиҳои сесомонӣ” ном гирифтани мусофирбарҳои сабукрав мебошад: “Фаъолияти онҳое, ки се сомонӣ гирифта, мусофирбарӣ мекунанд, ғайриқонунӣ аст. Ҳеч маблағе ба давлат намесупоранд. Агар санҷиш мусбат анҷом ёбад, нархи ниҳоиро Хадамоти зиддиинҳисорӣ муайян хоҳад кард”.

Айни ҳол мусофирбарҳои сабукрави санҷишӣ марбути ҷамъияти «Мехколонна-50» мебошанд, ки аз ҷумла тариқи кӯчаҳои Шамсию Абай ҳаракат мекунанд.

Убайдуллоев қарор кардааст, “дар сурати мусбат арзёбӣ шудани кори мусофирбарҳои сабукрав корхонаҳо ва ширкатҳое, ки имконияти иҷрои фаъолияти мазкурро доро мебошанд, дар хусуси вобаста намудани хатсайрҳои дахлдор ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳоди мушаххас манзур намоянд”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулин барои ислоҳи камбудиҳо дар мусофирбарӣ, аз ҷумла аз байн бурдани таксиҳои сесомонӣ як моҳ муҳлат дода буд ва дар пайи ислоҳ нашудани камбудиҳо Абдулҳақ Алиев, директори Муассисаи давлатии комуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-ро аз мақомаш барканор кард.
Мӯҳр
р
Аз афташ ин хукумати шахр сари калобаашро гум кардааст. Як руз манъ мекунад, рузи дигар боз ичозат медихад. Санчиши якмоха чи лозим аст?

ман
Аз масъулони Хадамоти зиди инхосори зиёд хохиш дорам нархро бозбини кунанд ва на камтар аз 30 (си) сомони мукарар кунанд. Чунин тачрибаро онхо хело худ доранд, бо ширкатхои мобили!о, ки кордор нашавед.

Таксии 3 сомона сад бор барои мусофирбарон хубтар аст аз старексхои чехолаш бугини 4 нафар савор мекардагию 2 сомон мегирифтаги. Суди бештари таксихо албатта барои мусофирон зиёд аст, агар мо гами халкро хурем, аммо барои вазорати наклёт намедонам.
Старекс агар зехн монед се нафарро часпида бахам мебараду боз 1 нафари дигарро ронанда мачбур мекунад, ки дар баратон гиред, Бахшишу зан бо марду мард бо зан руихам менишинад. Хозир боз хамаи старексхо хам кухна шудаги, оханхояшон баромадаги, агар то чои кор 2 соат равию биёи, дар як руз маъюб мешави ба Худо. Боз баъзе ронандахо дар гарми тирезахои пешро намекушоянд, ки хунук мехурем гуфта, старекс бошад факат ду тирезаи пешаш кушода мешаваду халос, нафасгир мешавию касали.
Хамин вазорати наклёт кучоро нигах мекарда бошад, ман намедонам. Худи вазирро дар хамин старексхо 2соат савор кардан даркор, то аз холи мардуми камбагал огох шавад.

дуруст гуфти, шахрванд. Нафакат намояндагони вазорати наклиёт, мансабдорони хукумати шахри Душанберо низ як бор ба ин старекс-хо чор нафари дар як катор шинонда, гирди шахр чарх занондан лозим. Оё шумо ба худ савол надодед, ки чаро ронандахои хатсайрхо чунин рафтор мекунанд? Иллат дар тарзи "банду басти" кори онхо мебошад: гайр аз 200-250 сомоние, ки онхо ба ширкатхо хар мох "рочеъулнакд" месупорад, боз хар руз 1 то 2 сомони ба ном "пули" техник, диспетчер, механик, духтур, тахмин 5-6 сомонии дигар, дар як мох ин хам 120 -150 сомони, месупоранд. Боз 50 -60 сомони пули сару либос (форма) хам дар гарданшон аст.

Бахруло
дустон Раиси шахр ба фиккрам дарк кардаанд, ки масъалаи наклиёти мусооффирбар бениххоят дар шахр бад шудааст. Аз гипрозем то марказ як соат рох мераави, наклиёт нест ахвол хеле бад. Занхоро тела дода донишчуён давида ба наклиёт менишиннанд. Хурматту эхтиром нест, байни ронандахо хархашахо мешавад, хакорату дашном. Якттааш пулро дароз кардааст, аз тирреза, ки майда кунад. дигараш пулро гирифта гурехтааст. дигар разбор, мусофирон интизор. Ташшаккур ба раиси шахр ки ба ин масъала диккат додандд.

Мухтарам Раис автобусу троллейбусхоро бо графики харакат омода кунед ягон старекс ва таксии сесума лозим намешавад. Хамаи онхо гурехта мераванд. Наход хаминро мутасаддиёни сохаи наклиёт нафахманд. Бовар кунед шахр ба чангал табдил ёфтааст.

дориюш
то вакте ки хар як сохтор аз руи вичдонащ кораша анчом надихад бехбуди намешавад.. охир сабил монад вакте маршрутка дар сеюм.паласа мань карда олам мегираду на ГАИ на танзим дар сохаи наклиет чораи конуниро намеандкшанд хамин хел бетартиби рафтан мегирад да!!!! о ба як раис мешавад сохторош бояд аз хоби гарон хеста корашона бовичдонона анчом диханд... баьд проблемаи асоси худи мусофирхо хастанд хаккашона сахтгирона талаб намнкунанд.... ронанда дар фикри мусофири бештару даромади бештар кор кардан аст, ГАИ бо.дигар сохторош дар фикри як хатоиро кайд накарда пул кор кардананд хамин хел хеч хел тартибот намешавад.....

Толиб
Бояд ин таксихоро манъ кард барои он ки икадар фабрикахову корхонахи хукумат ки маоши хуб доранд бе одам мондааст раван хамуча кор кунан мисли яке аз корхоначаи дигари хукумат ки чмм расия...мебошад...
Офарин Хукумат

Шахрванд
Илтимос раиси мухтарам таксихои сесомоная аз байн набардоред ин барои шахрвандон кулай ва арзон аст .падару модаратона худованд рахмат кунад ва шуморо худованд нигахбон бошад.

Хатман наклиёти мусофиркашони электрикиро, ки бо батарея харакат мекунанд харидори кунед. Бо GPRS насб кунед, агар ягон автобус аз хатсайр худсарона барояд. чарима кунед, агар аз 15 сония дар истгох зиёд истад, чарима кунед, тамоми мусофиркашонхои гайриконуниро аз худуди шахр бароред, барои таъмин намудани маблаги ин проект ширкатеро даъват кунед, ки ба мисли IRS бошад. Баъд тартибот дар худуди шахр чори мешавад. Барои ин корхо нашуданаш худи мансабдорони ин соха манфиатдоранд. Пулхое, ки ронандагони старексу спринтерхо чамъ карда медиханд, ба чайби одамони зидди системаи мусофиркашонии мутамарказгардонидашуда медароянд

Кариб ними старексхо аз худи рохбарону прокуророн, кормандони ГАИ мебошанд. Чи хел аз онхо чарима ситонанд? Онхо байни худ доду гирифти худро доранд....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)