Бахшҳо
29 сен 2016 14:45Тоҷикистон / Сиёсат

Даъвои ҳамсари Р.Раҷаб алайҳи тухмзанҳо ва ваъдаи милиса: Занг мезанем

Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб имрӯз, 29-уми сентябр алайҳи афроде, ки дар назди хонааш ҳамоиши эътирозӣ карда, сӯи манзили зисташ тухму себ андохтаанд, ба мақомоти милисаи шаҳри Душанбе шикоят кардааст.

Хонум Иброҳимзода дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аризаашро подполковник Салимзода қабул карда, изҳор доштааст, ки ба зудӣ таҳқиқи қазияро оғоз хоҳанд кард. Подполковники милиса, ки масъули кофтукоби ҷиноӣ будааст, изҳор доштааст: “Қазияро таҳқиқ мекунем. Шоҳидону ҳамсояҳоро мепурсем. Телефонатонро хомӯш накунед”.

Зуҳри 27-уми сентябр гуруҳе аз ҷавонон бо як автобус ба назди хонаи Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонишудаи Раёсати Олии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ дар кӯчаи Аттор 50 омада, хона ва дару деворашро бо тухмҳо зада, дар назди хонааш овезаву плакатҳоро оташ задаанд.

Дар ин бора ба “Озодагон” Валамат Иброҳимзода иттилоъ дода, бо овози гиряолуд афзуда буд: “Дар як автобус қариб 30-40 нафар омаданд. Дар сари куча фуромаданд, омаданд, ячейкаи тухмро заданд, шатта қати дарро заданд, плакатаро сӯзонданд. Як хона сағераи бепадар дорем, ҳама талхакаф шуд дар ин хона. Ин чӣ гап аст?”

Валамат Иброҳимзода изҳори умед кард, ки мақомот муроҷиаташро мунсифона баррасӣ хоҳанд кард.

Аз ин пештар гуруҳи ҷавонон, ки худро ҷавонони фаъоли Тоҷикистон ном мебаранд чунин эътирозҳоро дар назди хонаи Саидумар Ҳусайнӣ, муовини зиндонии раиси ҲНИТ ва дар назди хонаи Сайид Абдулоҳи Нурӣ, раҳбари фақиди ҲНИТ низ барпо кардаанд. Ба иддаои ин ҷавонони муътариз фарзандони Ҳусайнӣ ва Нурӣ дар ин ҷаласаи САҲА ширкат кардаанд.
Мӯҳр
Хакикат
Шармам омад дар чунин ватан умр басар мебарам!

Ман фикр мекунам инчо сахначаи театри кукла (Лухтак) аст ки ин "Кукла"-хо дасту пояшон бо ресмон баста шудааст ва аз тарафи дигарон идора карда мешавад. Дируз ин хонум гуфта буд ки ба касе шикоят намебарам чун инхо хамаш ташкилшудааст... аз дируз то имруз чи ходиса шудааст ё банди ин "Лухтак"-ро кашидаанд то ки ин коро анчом дихад. Худро ба назди ин подполковник барад ин сенарияи тархрезишударо ичро кунад.

моро намегу аз шарм мегум тухмфуруширо бас карда бравм калаи мургоро бкнам

...Agar saaacht kobed Surathoyshonro dar gazetaho meebed?...Nekem boz gazetavu jurnal kofta gashtanash ham kin-daaa!?-e tongue

Мухтарам Чавонони фаъоли Точикистон магар рохи Сафорати Варшава-ро хато гирифтен?. Хама - амон дар Хона Модар дорем...

Модари азиз авалан сабру токати чамил хохонам ва ин амали тухмзанхоро дида хеле нафратам омад албата онхо бо ин амалашон исбот кард,ки аз тухми зан будааст вагарна чавонмардон инкорро намекард.хайфи шумонбарин чавон наход то ин дарачая одами паст шудетон акалан аз вичдонатон шарм кунед.Эй касоне,ки ин сахначахоро таёр мекунед ва чавононро мачбури ба сахнача хамрох мекунед бидонед,ки шумо инсофро ба мансаб адолатро бар тарс ватанро бар нафс садокатро ба маломат додед,ва албата рузе мешавад аз ин амали худ пурсида мешавед он вакт пушаймони надорад суд.ана хамин чавоно рузе хакикатро ба гуши мардум мерасонад.Эй чавоно дарсхоро чи тавр шумо як су гузоштед бояд шуморо аз руи конун хорич кунад зеро шумо чавони милатдусту гамхор нестед.аз хасрат намедонам чи гуям.Инсофу МАрдиро фаромуш накунетон шд.

ваъдаи милиса: санг мезанем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)