Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:17

Имкони боздид ба ИМА барои гурӯҳҳои эҷодии шабакаҳои телевизионӣ

25 ноябр 2011, 07:15

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон қабули лоиҳаҳоро аз телевизионҳои маҳаллӣ барои иштирок дар барномаи ҳамкории соҳаи телевизион (TV Co-Op) барои соли 2012 эълон мекунад.


Барномаи мазкур ба телевизионҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва ҳамчунин студияҳои истеҳсолӣ имконият медиҳад, ки гурӯҳи эҷодии худро ба ИМА барои таҳияи филми мустанад аз ҳаёти Амрико ба муддати ду ҳафта фиристанд. Барои таҳияи филмҳо барои соли 2012 мавзӯъҳои зерин афзалият доранд:

•                Маълумоти оли дар ИМА;

•                Интихобот дар ИМА;

•                Бехатарии озуқаворӣ/ кишоварзӣ дар ИМА;

•                Ҳамкорӣ байни соҳаҳои хусусӣ ва давлатӣ;

•                Ҳамкории ҷомеа ва пулис;

•                Шуғли ҷавонон/ фаъолиятҳои довталабона.

 

Ҳамзамон, эълон шудааст, ки довталабон имкони пешниҳоди барнома ва мавзӯҳои худро доранд.

Гуфтанист, гурӯҳҳои эҷодӣ ҳангоми ин сафари дуҳафтаина як ё якчанд филми мустанад ва силсилаи лавҳаҳои телевизионӣ аз ҳаёти Амрикоро таҳия мекунанд ва онҳоро дар вақти мусоиди телевизионӣ пахш мекунанд.  Гурӯҳи эҷодиро дар ИМА дар тамоми муддати сафар таҳиягари амрикоӣ, ки аз ҷониби Дафтари оид ба масоили телерадиошунавонии Департаменти давлатӣ таъйин шудааст, ҳамроҳӣ мекунад. Ғолиби озмуни ин барнома ба гранти Департаменти давлатии ИМА ноил мегардад, ки он хароҷоти иқомати гурӯҳи эҷодиро дар ИМА дар давоми ду ҳафта дар бар мегирад.  Аз ҷумла хароҷотҳои рафту омад, меҳмонхона, хӯрокворӣ, суғуртаи муваққатии тиббӣ ва наворбардорӣ аз ҳисоби грант пардохта мешаванд. Иттилои бештарро аз қароргоҳи сафорати ИМА  дар Душанбе бо нишонии хиёбони  Исмоили Сомонӣ, 109 «А» ва ё суроғаи интернетӣ: usembassydushanbe@state.gov пайдо карда метавонед.

Телефонҳо барои тамос: 229 23 58, 229 20 00



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!