Бахшҳо

Фарзия: 2017 Соли Шукрона?

Абдулазизи ВОСЕЪ

Бо дарназардошти дубора авҷ гирифтани раванди таъкидҳо ба “шукрона кардан” аз эҳтимол дур нест, ки 2017-ро дар Тоҷикистон расман Соли Шукрона эълон кунанд. Аз он ки дар гузашта “Соли оби тоза”-ву “Соли оилаи солим”-у ба ин монандҳо зиёд доштему ба соли оянда алъон чизеро нисбат надодаанд, фарзияи мо мантиқӣ менамояд.


Таъкиди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 сентябр дар мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Нуробод, ҷиҳати “шукронаи зиндагии орому осудаи Ватан кардан” ва хабари ҳосили хуби картошкаи навъи “шукрона” дар Лахш, ки “маҳсули кори олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ” будааст, метавонад далели хубе барои эълони чунин як тасмим бошад. Аз сӯи дигар, 2017 аз имзои созишномаи сулҳ, ки бо номи Ваҳдати миллӣ маъруф аст, 20 сол пур мешавад ва ба шарофати ин сана як соли дароз “шукрона кардан” басо мантиқӣ хоҳад буд.

Эълони Соли Шукрона ҳам барои ҳукумат ва ҳам барои сокинон бомаврид аст. Барои ҳукумат аз он ҷиҳат, ки баъди ду соли душвор билохира мухолифони аслӣ ё барои солҳои тӯлонӣ пушти зиндон рафтанд ё аз кишвар фирор карданд ва дигар нерӯе наметавонад дар муқобилаш истод шавад ва дар чунин шароит коре ба ҷуз шукрона кардан ҷоиз нест. Тасвиби қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” ва тағйирот ба Қонуни асосӣ ҳам далели дигар метавонад бошад. Барои сокинон аз он ҷиҳат, хуб аст ки аз ҳамаи амалҳо (хонда шавад карданҳо) ҳоло танҳо ҳамин “шукрона” аст, ки нотарсидаву бо майли том анҷом медиҳанд ва ҷавобгарие надорад.

Дар зимн, чанд пешниҳоде дар робита ба Соли Шукрона дорем, ки бо назардошти таҳлилу баррасии авзои кишвар дар чанд соли ахир хулоса шудааст. Агар ин фарзия дуруст барояд, дар баробари эълони Соли Шукрона рӯзе ҳам бояд ҳамчун Рӯзи Шукрона таҷлил шавад. Фарқ намекунад, ки барои ин кадом санаро интихоб мекунанд, фарз кардем яке аз рӯзҳои октябрро...

Вобаста ба зарурати шукрона идеологҳои ҳукуматро зарур аст, якуми сентябри соли 2017 ҷойи “Дарси сулҳ” муваққатан “Дарси Шукрона”-ро пешниҳод кунанд.

Дар сатҳи ҷумҳурӣ барои сазовор пешвоз гирифтани Соли Шукрона нақша-чорабиниҳо таҳия шуда, ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардад! Онҷо яке аз нуктаҳои асосӣ маршировкаи донишҷӯён барои бузургтарин “намоиши театрикунонидашуда” дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Соли Шукрона ҳатман бояд гимни худро дошта бошад ва ба андешаи ин ҷониб беҳтарин вариант таронаи “Шукрона”-и “примадонна”-и тоҷик -- Сурайё Қосимова ва духтаронаш -- Шабнаму Фарзона мебошад. Дар ин суруди 03:42 дақиқаӣ модару духтарон 32 маротиба “шукрона” мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир беҳтарине ба мақоми гимни Соли Шукрона хоҳад буд.

Эълони озмунҳои “Беҳтарин шеъри шукрона” “Беҳтарин суруди шукрона” ва “Беҳтарин матлаби шукрона” низ бояд фаромӯш нашавад ва телевизионҳо бо таҳияи барномаҳои вижа зарурати гуфтани шукронаро ба мардум фаҳмонанд.

Дар баробари ҳамаи ин дар Тоҷикистон вожаи шукрона бояд “бренд” бошад. Мисли картошка ба навъҳои беҳтарини маҳсулоти кишоварзии дигарамон, ки ба эҳтиромашон рӯзҳои хосеро тақдим кардаем (харбузаву каду ва ғ), номи “шукрона” дода шавад. Айни ҳамин корро дар чакану атлас низ бояд анҷом дод. Мешавад, номи яке аз ғизоҳои қадимии саридастиамонро ҳам “Шукрона” гузошт. Тамоми корхонаҳое, ки лентаи онро давоми соли 2017 Президент мебурад, номи Шукронаро бигиранд (як ном ба чанд ниҳод зарар надорад. Як бор бубинед, ки дар Душанбе чанд иншоот номи пойтахтро дорад. Ё ба ҳисоби Кумитаи забон, 41 ҷамоату деҳоту шаҳр дар саросари кишвар Гулистон, 31-то Ваҳдат, 25-то Истиқлол ва 23-то Навобод будааст).

Таъсиси ордени “Шукрона” ва сарафроз намудани онҳое, ки аз сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати мамлакат аз таҳти ҷону дил тавсиф мекунанд, дар Соли Шукрона амали савобу саривақтӣ ва қобили дастгирист. Ва дар кодекси ҷиноӣ ворид кардани моддае дар мавриди ношукрӣ боке надорад, ки бар пояи он афроде, ки аз зиндагии серу пур ва ободу осоишта ношукрӣ мекунанд, камаш 25-26 сол ҳукми зиндони низомаш сахт бо мусодираи амвол бигиранд!
Мӯҳр
ислом
например нести некий браво

Озод
Бародари муаллиф, биёед ин кадар баландгую аз хаво сухан нагуем! Агар тахлил кунем ба хусус худи Шумо тарбияи ё худ аз ухдаи хамон як ва ду Фарзанди худро бо таври бояду шояд аз ухдаашон намебароед, Кучо истад 8 миллион ахолии ва дигар махдудиятхои давлатхои абаркудра?т

Кудрат аз Душанбе
Шукрона кардан бехтарин коре аст, ки инсон бояд кунад. Падару модар ба фарзандаш, муаллиму устод ба шогирдаш шукрона карданро хатман бояд омузонад. Махсусан фарди мусулмон хар лахза бояд аз зиндаги, ки насибаш гаштааст, бояд шукрона кунад, агарчи дар зиндаги пастиву баландихо хам дошта бошад. Маълум аст, ки макола бо дигар нияте аз чониби муаллиф пешниход шудааст, лекин мардуми Точикистон хеч вакт набояд ин калимаро фаромуш кунад. Зеро шукрона кардан аз Истиклолият ин ба хотир овардани Беистиклолии чумхури, миллати точик, ин ба хотир овардани солхои чанги бародаркуши шахрванди, ин ба хотир овардани солхои кахтию гуруснаги, ин ба хотир овардани бечорагию гуреза шудани хамватанон ва гайра мебошад. Магар шоиста нест, ки аз лафзи кудакон, модарон, пиронсолон ин калимаро барои бех шудани зиндаги, барои осуда зиндаги кардан, барои хамдигарфахми, вахдат мешунавем. Аз шунидани ин сухан танхо вучуди инсонро шодиву фарах фаро мегирад, на дигар холат. Шояд чунин холат барои мо барин одамон бошад, ки дар чунин солхои вазнини чумхури кору фаъолият кардем. Лекин он солхои мудхишро фаромуш намекунем ва аз тинчиву ороми, аз хар пешравии Точикистони азиз шукрона мекунем, бигзор хар руз ид бошад, хох иди харбуза, хох иди каду. Асос, ки имруз аз пешравии давлатамон шукрона мекунем ва инро ба ояндагон низ меомузем, ки хеч вакт ношукр набошанд, ки окибаташро аз Худо мебинанд.

исмоил
Бовар кунед дар хайрат мондам , будааст хозир хам одамхои равшанфикр. Ман фикр мекардам, ки
точикистон хамам патхалиму лагандбардору хокшапанд. Ачоиб. браво!

Ba suhanhoi in barodar ahsan bisyor hum navistast AMMO sad afsus ki bain suhanhoi hom va pur az tarifu bardor bardor chizi digare nest rozi shuda nametonam. Millati tojik hamesha shukrona kard va mekunad in millat pesh az hamma az hudi mafhimi "shukr" ogah ast agar ogah namebud Tojikiston ba in ruzho namerasid, Sarvari davlat bo vazirho ne balki bo in millati ba oru ba nomus Tojikistonro az on solhoi nodori barovard. Aknun ruze rasidaast ki har yaki mo on mafhumi "shukr"ro na inki dar binoyu kuchaho balki dar kalbi hud nom guzori kunem. Baroi shukr guzoru yak ruz ne balki har soniya lozim imruz in millat bedor va hub medonad az chi boyad shukrguzori kard. Digar kor nadoren va bekoren ki shukrguzorii hudro nishon medihen ki bin man shukrona kardestam Az Hudo Tarsen Sarbalindi saibaton bod....

Мухочир
Кудрат аз Душанбе,
"Махсусан фарди мусулмон хар лахза бояд аз зиндаги, ки насибаш гаштааст, бояд шукрона кунад".

Барои чи махсусан фарди мусулмон? Чи мусулмон шох дорад? Дигаро шукрона намекунанд ё накунанд? Холо мебини подхалимо хамин шукронаро хам портрет карда ба руи пулхо мезананд.Дигар чизе намонд ба чуз хамин шукрона.Об нест шукрона, газ нест шукрона, барк нест шукрона, чои кор нест шукрона, номи миллат зери пой рафт шукрона, хар чугию лакай худаша точик нависту ба кафои точик шатта зад шукрона, точик забони адабии худашро фаромушкуни дорад шукрона, чавонхои сангандозу тухмшап ,зану кудаконро тарсу вахмдихи шукрона...Ман намегуям,ки шукр накунем, вале охир дар ин зиндаги мо бояд касе бошем, чизе дошта бошем ки шукр кунем. Бехтараш шиор занед,ки мо-болонишинхо зиндагии хуб дорем мардум шумо-тахшинакхо шукрона кунед.Сад шукр ки шумо болонишинхо хурданию пушидани доред,гарчанде аз адаб каме дур.

Кунда
вокеан картошкаи Лахшро ки дар телевизион намоиш доданд, ки гуё аз куруми замин хам зиёдтар хосил дорад, алаф надораде, тавба.... Ё Раиси мухтарам картошкаи покистонро ду руз пеш аз чорабини зери хок карда бошад, мисли соли аввали рохбариаш

Шукур
Духтару писари дар ин сол ба дунеомада, Шукронаву Шукурчон номгузори шаванд..

Сардор
Биёед якбора Абдулазизи Шукрона гуему монем. Ачоиб мешад-не? Ин кинояхо ба кй даркор. Охир хич не барои хамин оромию субот шукрона бояд кард...

мехмон
Шукрона кунед !! Шукронаи Аллох ч.ч. ва мухочирони дар Руссия буда!

Ватандӯст
Додарам ва ё писарам Абдулазиз, ҳақиқатан ҳам ШУКРОНА бояд кард, Шумо шояд бобову бибӣ надошта бошед, ки азобу машаққатҳои солҳои 1941-45-ро ба Шумо нақл карда бошанд, Шуморо падаратон ҳам хуб таълиму тарбия накардай, ки таърихи солҳои 1991-98-ро ба Шумо гуфта бошанд, маълум аст ки саводи кофӣ ҳам надоред ки ягон китоб ё аққалан мақолаеро хонеду ба маънояш сарфаҳм равед, ин маълум. Лекин ШУКРОНА бояд кард аз ин миллату аз ин Давлату аз ин Пешвои миллат. Ман қариб ними ҷаҳонро гаштам - Шумо ҳоло ҳолу аҳволи мардуми Африқоро, Афғонистон, Ироқу Сурия ва дигарҳоро надидаед. ШУКРОНА кунед, писарам, ШУКРОНА!!!

Сухроб
Абдулазизро нагз мешиносам.... даврони мушкили донишчуйияшро низ дар хотир дорам.... Аз сабабе, ки дар нашряи мустаъкил кор мекунад шояд ба хотири андешахои озоди озодаш чунин навишта бошад... Аммо вокеан кабл аз навишатни ин макола сараввал бояд як бор меандешид, ки худи мафхуми ШУКРОНА чи маъни дорад.... Мисол агар Абдулазизро пурси ки саломати чи хел, ахли оила фарзандон чи хел, фикр намекунам нагуяд ШУКРОНА ХУБАНД... пас чаро аз ин калима ин кадар бадаш омадааст. Хар чанд дар кишвар мушкили зиёд аст, аммо хеч гох мо ШУКРОНА гуфтанро набояд фаромуш кунем. Кишвархои шарки наздик магар мисли мо мшукили доштанд..НЕ. Иктисоди хуб доштанд, ХА .. аммо бубин ба чи рузгори сахте расиданду оташи чанг хеч не ки хомуш шавад... хар руз садхо чавон, кудак пиру барно модару падар бегунох мемиранд, вале дигар наметавонанд ин оташро хомуш кунанду тафрикаро аз байн баранду осуда зиндаги кунанд. Бойигарии онхоро ким каси дигар истифода мебараду онхо дар ба дар мегарданд, чи кадари онхо дар БАХРИ МИЁНАЗАМИН гарк ушаданд....... Магар марги фочеабори АЙЛОН писараки ирокиро фаромуш кардед, ки дунёро ба ларза овард..... Агар мо аз хеч чиз хам шукрона надошта бошем, лоакал аз ТИНЧИЮ ОРОМИ бояд шукрона кунем... Дар кишвари хамсоя чанг асту гуруххои ифротгаро хар руз доман пахн мекнуанд, аммо САД ШУКРИ бехад ки мо тинчу осуда мехобем, меравем сайру гашт мекунем........АБДУЛАЗИЗ биё вокеан ШУКРОНА кунем!!!!!!!

Точики оддии мухочир
Ватандӯст,
Ватандориву ватандустии шумо хоинмиллатон танхо дар забони шумост. Шумо мехохед мардум як умр гуломи шумо ва як оила бошад ва боз барои гуломиаш шукрона гуяд. Ягон сохае нест, ки таи 25 соли охир мо охирин нашуда бошем, ними миллат Ватанро тарк кард, бо азобу шиканча дар Руссия мардикор аст, ягон заррачае бехбуди нест, ба чи шукрона гуем?

Беҳтарин пешниҳод. Иловаҳое аз банда: даҳсолаи шукрона 2017-2027 боз ҳам беҳтар асту "соли 2017 -соли шукронаи пешво " ва солҳои дигар амсоли шукронаи сулҳ, шукронаи боду ҳавои мусоид, шукронаи мулки зебо....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)