Бахшҳо

МН ширкати «Барқи тоҷик» -ро аз пардохти 27,7 миллион озод кард

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири худ, пешниҳоди ҳукумати кишварро дар мавриди додани сабукӣ ба ширкати «Барқи тоҷик» дастгирӣ карда, буҷети имсолаи Тоҷикистонро аз 27,7 миллион сомонӣ маҳрум намуданд.


Парлумон имкон дод, ки ширкати «Барқи тоҷик» зимни воридоти 30 ҳазор тонна мазут, аз пардохти боҷи гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои аксизӣ озод гардад. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон ҳаҷми умумии пардохтҳоро, ки «Барқи тоҷик» аз амалӣ карданашон озод гардид, 27,7 миллион сомонӣ арзёбӣ карда, афзуд, ки мазути тариқи имтиёзнокворидшуда барои эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе сарф хоҳад шуд.

Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» изҳор медоранд, ки аз 30 ҳазор тонна мазут, аллакай 5 ҳазор тоннааш ворид гардидаст. Ба гуфтаи манбаъ, рӯзҳои наздик 5 ҳазор ва дар моҳи декабр 10 ҳазор тонна мазути дигар вориди Тоҷикистон хоҳад шуд.  Воридоти 10 ҳазор тоннаи боқимонда моҳи январи соли оянда ба нақша гирифта шудааст.

Зимнан, раҳбарони «Барқи тоҷик» мегӯянд, сабукиҳои додашуда, барои кам кардани арзиши нерӯи тавлиднамудаи Маркази барқу гармдиҳии Душанбе мусоидат хоҳад кард.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)