Бахшҳо
30 сен 2016 17:19Тоҷикистон / Сиёсат

Коршинос: Осиёи Марказӣ хатти интиқоли героин аз Афғонистон ба Русия

Мақомоти қудратии Русия мегӯянд, нашъаҷалобон қисми асосии маводи мухаддиро аз тариқи хоки Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон ба ин кишвар ворид мекунанд.

Пойгоҳи хабарии iarex.ru дар матлабе навиштааст, наркобаронҳо аз Афғонистон тавассути Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон маводи мухаддиро ба Русия ворид мекунанд. Ба иддаои муаллифи ин навишта, Қазоқистон охирин дарвозаи наркобаронҳо аст, ки қисми зиёди маводи мухаддир аз ин тариқ вориди хоки Русия мешавад. Муаллиф дар ин матлаб аз қавли Андрей Храпов, сардори раёсати мубориза бар зидди маводи мухаддири Вазорати умури дохилии Русия менависад, “агар аз маводи мухаддир афюнро гирем, қисмати аз ҳама хавфноктараш аз Афғонистон мебарояд”.

Ин мақоми қудратии Русия ба таври возеҳ ишорат мекунад, ки барои мубориза бо ин падида ҳамеша бояд талош кард ва роҳҳои интиқоли онро баст.

Дар расонаҳои Русия ҳатто ба ин нукта ишора мешавад, ки маводи синтетикии нашъовар аз Чин низ тариқи кишварҳои Осиёи Миёна ба Русия ворид мешавад. Сиёсатшиноси рус Андрей Сенерко вазъияти интиқоли маводи мухаддир ба Русияро шаҳр дода, афзудааст, “хатти интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мегузарад. Ин хабар нест. Ин яке аз самтҳо ва воситаҳои асосии интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон дар сайтараи кишварҳои собиқ Шӯравӣ аст. Ба ин силсила, на танҳо гуруҳҳои ҷинояткори чанд кишвари Иттиҳоди давлатҳои мустақил, балки неруҳои дохилӣ низ ҳамроҳанд. Бе сарпаноҳи қавию бонуфуз дар ниҳодҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистону Қазоқистон интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон корест номумкин”.

Бори аввал нест, ки мақомоти Русия ва коршиносонаш кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамчун хатти интиқоли маводи мухаддир муаррифӣ мекунанд. Дар чанд соли ахир борҳову борҳо ин масъала аз сӯйи расонаҳои ин кишвар матраҳ шудааст. Ҳамчунин боздоштҳои шаҳрвандони алоҳиди ин кишварҳо ба ҷурми интиқоли маводи мухаддир ба ин кишвар на як бору ду бор расонаӣ шудааст.

Ораши РУСТАМ
Мӯҳр
Чаро Узбакистонро ин Русхо намегуянд? Аз хама зиёд аз Афгонистон ба сархади Узбакистон мегузарад ки Точикистон Киргизхо хабар намеёбанд.Бо Точикистон хозир нест факат бо Узбакистон буд ва хаст.

тарзан
русхо вакте сархади моро мухофизат мекарданд худашон ин коро мекарданд бо бахонаи сархадбони.онхоро аз сархад ронданд харчиро бахона мекунанд

мехмон
Маводи мухаддир картошка нест, ки хар одам фурушад . Аз Афгонистон то ба Руссия як хатсайри махсус хаст ва ин хатсайр нигохбон, корвон ва сорбони худро дорад. Хатто кормандони умури дохила ва сархадбонони Руссия низ ба ин алокаманди доранд.

Хамаи наркотики Афгонистон аз марзхои Узбакистон мегузашту мегузарад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)