Бахшҳо

ВИДЕО: Шукурҷон Зуҳуров якум шуда ба номи халқ қасам хӯрд

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 3 октябр дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон нахустин шуда, маъракаи савгандёдкунии вакилонро оғоз бахшид.

Ба дунболи Зуҳуров, муовинони ӯ ва дигар намояндаҳои мардумӣ ҳам савганд ёд карданд. Матни савганд чунин аст: "Ҳамчун вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулият, ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, фаъолияти худро дар асоси Конститусия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, тамоми нерӯ, дониш ва тарҷибаамро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдонона иштирок намоям."

Хабарнигори “Озодагон” аз парлумон иттилоъ дод, ҷаласа бо ҳузури 62 вакил ҷараён гирифта, танҳо як нафар бо далели беморӣ иштирок накардааст: "Вакилон дар минбар дасти рости худро болои Конститутсия гузошта, савганд ёд мекунанд. Матни савганд дар минбар гузошта шудааст. Бархе вакилон аз рӯи коғаз ва бархеи дигар бидуни он савганд ёд карданд".

Савгандёдкунии вакилону вазирон аз бандҳои тағйирот ба Сарқонун мебошад, ки моҳи майи соли равон тариқи раъйпурсӣ қабул гардиданд.


Мӯҳр
Каблан муфти гуфта буд касам ба гайри исми худо касам хисоб нест. хулоса ин вакилони мухтарам ба чизе гуи касам мехуранд.

Халк
Илтимос, халкро тинч монед. Нахуред касам ба номи халк. Шумо халкро ба як тангаи пучак хам намегиред. Ба номи ягон чизи дигар касам хуред.

офарин лекин хаминро дар байни халк хам чори кунед ки мо хам дигар аз чизе натарсида бемалол касам хурдан гирем

Саид
Хубаш ба номи Худо касам нахуранд, ки садхо бор онро мешикананд...

695
Раиси МН Ш.Зухуров касамро галат хонд. Ибораи Истиклолияти давлатиро пропускать кард)))))))))))))))))
озод,

бе е-маил
онон хокро дар назар кимиё доранд оё бувад гушай чашме ба мо кунанд холо даруни парда басе фитна меравад то он замоне парда дарафтад чихо кунанд

Муслим
ин вакилони мардуми, вакилони худ ва хешу таборонашон хастан ва касам хурдани онхо як мазхака мебошад.

мехмон
Агар бо номи Халк касам хуреду супоришхоро ичро накунед Шумо гунахкор нестед !Халк худаш гунахкор мешавад,чунки чунин касам вучуд надорад. Касами ягона аз руи вичдон дар корхои мухим факат ва факат бо номи Аллох ч.ч. хаст. Хар касе аз Кирдигор наметарсад аз халккардаи У чи харосе дорад ?!!!

Ораз
Касам ба Худо ки касами хурдагии инхо хамааш дуруг аст.

Халк,
Муфти ра ку намедонум некем хами кор чи даркор агар болои Куръон буроен дуруг меген.

вакил
ин касамхурии инхо ягон маъни надорад. Агар ба модаршон касам хуранд кори худашонро мекунанд. Инхо танхо барои манфиати худашон кор мекунанд на барои халк

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)