Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:35

Даври 43-юми сабқат миёни тимҳои футболи ҶТ идома дорад

25 ноябр 2011, 11:24

Имрӯз ду бозии даври 43-юми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор мегардад.


Тавре аз маркази матбуотии ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ин навбат дастаи “Энергетик” бо  тими “Шодмон” ва футболбозони тими “Регар-ТадАЗ” бо дастаи “Истиқол” дидор хоҳанд кард.

Манбаъ афзуд, рӯзи 26-уми ноябр бозии мавқуфмондаи дастаҳои “Гвардия” ва “Вахш” барпо мегардад. Айни  ҳол дар ҷадвали мусобиқа дастаи “Равшан”- бо 86 имтиёз аз 37 бозӣ дар ҷои аввал аст, ки ҳамагӣ се бозии дигар дорад. Тими “Регар-ТадАЗ” бо 76 имтиёз аз 32 бозӣ дар зинаи дуюм мебошад. Дастаи “Истиқлол”, ки ҳамагӣ 27 бозӣ кардааст, бо 71 имтиёз дар мақоми сеюм қарор дорад. Бозиҳои даври охирин – 44-ум рӯзи 29-уми ноябр баргузор мешавад: Дар ин давр дастаҳои “Парвоз” - ССКА “Помир”, “Энергетик” - “Истиқлол”, “Вахш” - “Равшан” миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзҳои баргузории бозиҳои мавқуфмондаи мусобиқот пас аз машварат бо дастаҳо муайян карда хоҳад шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!