Бахшҳо

Болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар Тоҷикистон

Дар бозори маводи озуқавории Тоҷикистон давоми як моҳи охир афзоиши нарх  асосан дар маҳсулоте ба қайд гирифта шудааст, ки истеҳсоли ватанӣ мебошанд.


Ин нуктаро масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар натиҷаи таҳлили бозори озуқавории кишвар дар моҳи ноябр муайян кардаанд.Тавре аз ин вазоратхона ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, аз санаи 20–уми октябр то санаи 20–уми ноябри соли ҷорӣ дар кишвар нархи картошка, пиёз,  сабзӣ,  бодиринг ва помидор боло рафтааст. Аз ҷумла дар пойтахт давоми як моҳи охир, нархи картошка 11,4 фойиз қиммат шуда, ба ҳисоби миёна 1,95 сомониро ташкил медиҳад. Нархи сабзӣ аз санаи 20 –уми  моҳи гузашта, то 20 –уми моҳи ҷорӣ 20,3 фойиз афзоиш ёфта, айни ҳол як килои он ба ивази 1,9 сомонӣ фурӯхта мешавад.Нархи як кило пиёз ҳам ба ҳисоби миёна 1,9 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондоди як моҳ пеш 2,7 фойиз қимматтар аст.

Манбаъ афзуд, ҷаҳиши нисбатан назаррас дар нархи бодирингу помидор ба қайд гирифта шудааст, ки бодиринг тайи як моҳ 81,8 фойиз қиммат шуда, ба 6 сомонӣ баробар гардидаст. Нархи помидор бошад якбора 104,2 фоиз зиёд гардида, айни ҳол дар бозорҳои пойтахт ба ҳисоби миёна 6,2 сомонӣ нарх дорад.Фурӯшандагони ин навъи маҳсулот сабаби  болоравии нархро гузаштани мавсими баъзеи онҳо номида,  омили асосиро афзоиши нархи сӯзишворӣ ва мувофиқан хароҷоти интиқоли ин маҳсулотро ба бозор арзёбӣ мекунанд.

Дар  ҳамин ҳол масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо таъкид мекунанд, ки нархи гӯшт, тухм, орд, биринҷ, чой, шакар ва дигар намуди маводи озуқаворӣ тайи ду–се моҳи охир мӯътадил боқӣ монда, бархе онҳо майли арзоншавӣ доранд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)