Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:16

Дар сабқати «Регар-ТадАз» ва «Истиқлол» ғолиб муайян нашуд

26 ноябр 2011, 06:31

Ду бозиҳои даври 43-юми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.


Дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Истиқлол” дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода қувваозмоӣ карда, бо натиҷаи мусовии сифр бар сифр (0-0) бозӣ ба поён расид. Тавре федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар бозии дигари ин давр дастаи “Энергетик”-и Душанбе дар майдони худ тими “Шодмон”-и Ҳисорро қабул намуда бо ҳисоби 4 бар 2 шикаст дод.

Бино ба қавли манбаъ, мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот тағйир наёфтааст. Тими “Равшан”-и Кӯлоб бо 86 имтиёз аз 37 бозӣ дар ҷои аввал аст. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 77 имтиёз аз 33 бозӣ дар мақоми дуюм қарор дорад. Тими “Истиқлол”-и Душанбе, ки ҳамагӣ 28 бозӣ кардааст, бо 72 имтиёз дар зинаи сеюми ҷадвали мусобиқот аст. Нишонзанҳои беҳтарин: Фозил Сатторов аз тими (“Равшан”) бо 20 тӯб дар ҷои аввал,   Комил Саидов аз дастаи (ССКА “Помир”) ва Габриэл Донто (“Энергетик”) бо 19 голӣ зинаи дуюмро касб кардаанд. Юсуф Рабиев аз дастаи (“Истиқлол”) бо  18 тӯб дар мақоми сеюм қарор дорад.

Манбаъ афзуд, имрӯз бозии дигари даври 43-юми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон  миёни дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд - ССКА “Помир”-и Душанбе ва бозии мавқуфмондаи мусобиқот байни байни дастаҳои “Гвардия”-и Душанбе ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа баргузор хоҳад шуд. Бозиҳои даври охирин – 44-ум рӯзи 29-уми ноябр баргузор мешавад: Дар ин давр дастаҳои “Парвоз” - ССКА “Помир”, “Энергетик” - “Истиқлол”, “Вахш” - “Равшан” миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.  Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзҳои баргузории бозиҳои мавқуфмондаи мусобиқот пас аз машварат бо дастаҳо муайян карда хоҳад шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!