Бахшҳо
08 окт 2016 12:35Тоҷикистон / Сиёсат

Кумитаи амният дар бораи ҳозир нашудани намояндааш ба мурофиаи Шаҳбол: Огоҳ набудем

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як иттилоияи расмӣ сабаби ба мурофиаи додгоҳии сарбози маъюб Шаҳбол Мирзоев ҳозир нашудани намояндаашро шарҳ додааст.

Мурофиаи додгоҳии дубора барои рӯёндани зарари маънавию моддии Шаҳбол Мирзоев аз мақомоти марзбонӣ 6-уми октябри соли равон дар додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе дар назар буд, аммо бо далели ҳозир нашудани намояндаи ҷониби ҷавобгар баргузор нашуд.

Масъулини қӯшунҳои сарҳадӣ мегӯянд, «мутаассифона дар бораи оғози суд оид ба парвандаи гражданӣ ба Қӯшунҳои сарҳадӣ ягон маълумотнома ворид нагардид ва аз ин сабаб дар мурофиаи судӣ аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ намоянда иштирок надошт. Дар сурати дастрас гардидани маълумотномаи суд оид ба оғози рафти парвандаи гражданӣ, намояндаи Қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок менамояд”.

Кашмакаши дубораи додгоҳии Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбудаи тоҷик бо Раёсати марзбонии Тоҷикистон дар додгоҳи низомии гарнизони Душанбе дар назар аст, ки аз сар гирифта мешавад.

Тавре аз эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, баъди бекор кардани қарори қаблии додгоҳ барои пардохти 117 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавию моддӣ ба Шаҳбол Мирзоев, ки боиси норозигии ҳар ду ҷониб шуд, оғози мурофиаҳои нави додгоҳӣ бо сабабҳои номаълум ба таъхир гузошта мешуданд: “Дар оғози мурофиаҳои нав додгоҳи Душанбе ба суди шаҳри Красногорск барои маълумот дар бораи табобати Шаҳбол Мирзоев дар беморхонаи низомии рақами 3-и Красногорск дархост фиристод буд. Моҳи июли соли равон беморхонаи Русия ба додгоҳи Тоҷикистон посух дод. Аз он вақт ин ҷониб мурофиаи парванда чанд бор ба таъхир гузошта шуд”.

Тобистони соли гузашта Колегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон қарори Додгоҳи ҳарбӣ дар мавриди пардохти 97265 сомонӣ зарари моддӣ ва 20000 сомонӣ зарари маънавиро ба Шаҳбол Мирзоев бекор кард. Аз ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба “Озодагон” иттилоъ дода буданд, ки қарор дар пайи баррасии шикояти кассатсионии ҷавобгар бекор шуд.

Шаҳбол Мирзоев, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли 2013 довталабона ба хидмати низомӣ рафта, шоми 8 марти соли 2014 аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латту кӯби шадид қарор гирифт. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон кард,“гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст".
Мӯҳр
Падари Усмонали Гайрат хамчун инсон рафтор карда хамаи пули табобати Шахболро ба души худ гирифта буд. Аммо оилаи чбрдида аз ин чиз норозиги карда Усмоналии гайратро ба зиндон равон кард.... Дар охир дар ба жари додгох мегардад пули табобат кофта... Дар вакташ одамбарин муносибат мекардед бо гунахгор холо саломатии фарзандатонхам баркарор мешуду шумохам рохат мегаштед.... То дар ба дари созмонхои хоричи гаштана бо хамватанои худ муносибати дустона кардан лозим!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)