Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:43

Марги як кӯдаки 7-сола дар ҷануби Тоҷикистон дар пайи ҳодисаи нохуш

26 ноябр 2011, 06:54

Бар асари чаппа шудани як чархи кӯҳнаи трактор ноболиғ ба ҳалокат расид.


Тибқи иттилои ВКД, ин ҳодиса дар ноҳияи Ҷ. Румӣ рух дода, ноболиғ Тоҳирбек Нормуродови 7-сола,  соли таваллудаш 2004, сокини  ҷамоати Маданият, деҳаи  Меҳнат, ҳангоми бозӣ кардан  дар назди манзили истиқоматиашон аз беэҳтиётии худ чархи кӯҳнаи тракторро ба болояш чаппа кардааст. Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аснои  азназаргузаронии ҷасад аломати марги маҷбурӣ мушоҳида карда нашуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!