Бахшҳо

“Тағам девонаашаайй”, “рожаш нафорид”, “домуллои тра з...гӣ нестм”- тарҷумаҳои нодири “Муллои замонавӣ”

(“Шпаргалка” барои Кумитаи забон ва истилоҳот)

Мушоҳидагари “Озодагон” ин ҳафта мушоҳидаҳои худро аз олами воқеӣ ба олами маҷозӣ бурд. Вале ба назар мерасад, ки ҳоли мо ҳам дар олами воқеӣ ва ҳам дар олами маҷозӣ як гуна аст, хуб нест.

Ин ҳафта чанд тика аз серёли туркии “Ҳидоят” (номи дигараш “Муллои замонавӣ”)-ро, ки чандест дар бозори тамошобинони Тоҷикистон бисёр гарм истиқбол мешавад, тамошо кардам. Чун тамошо кардам фаҳмидам, ки чаро ин серёл бинандаи қобили мулоҳиза дорад. Тарҷумонҳои тоҷик бар хилофи ҳама қавонину қоидаи тарҷума аз худ дар ин филм ҳарфу вожаву ибораҳои хандаовар ворид карда, ҳам филм ва ҳам забонро тавҳин кардаанд.
Ин филм, худ як филми ҳаҷвист ва зоҳиран туркҳо мазмуни ин филмро аз филми “Мормулак”-и эрониҳо дуздидаанд. Мақсади мо ин ҷо баррасии мазмун ва моҳияти филм нест. Балки эроди мо сари тарҷумаи хароби ин филм ва забонро вайрону валангор кардани тарҷумонҳо ва ҳамин тур ба пайкараи бузурги забонамон туф кардани ширкатест, ки филмро тарҷумаву дубля кардааст.

Дар ин филм баъзе қаҳрамонҳо (персонаж)-е ҳастанд, ки нақши кумедиёӣ доранд ва ҳарфу суханҳояшон бештар ҳаҷвию танзмонанд аст. Тарҷумонҳои мо суханони ин қаҳрамононро аз диди худ тарҷума кардаанд ва дар он шеваи гуфтории ҷавонони Душанберо, ки бештар ба шеваи ҷануби кишвар такя мекунад, ворид кардаанд. Ин “тозакорӣ ва навоварӣ”-и тарҷумонҳо барои нафарони соҳиби завқи паст мояи дигаргунӣ ва ҷаззобӣ шудааст, вале барои нафарони огоҳ харобии бештар овардан ба ҳоли хароби забон дар Тоҷикистон мебошад. Акнун ба чанде аз ин ибораву ҷумлаҳои тарҷумашуда таваҷҷуҳ кунед: “Нагла гуфт, ки намиём”, “Сардорам 10 ҳазор доллар сарша бхра, чӣ хелай вазифаи ҳами одама грфта манда тийен?”, “Ту я ҳаёт макру ҳилла мекнӣ, ъууу?”, “А бача, мо ҳам мардакем”, “розӣ шудани ман ҳам под вопросай”, “Оҳоҳу, девооонаашааай”, “дар пеши чашмом янгама ачоқ кадестай”, “ман барои аруси худт гуфтестам, даюси чии тъ”, “Уага зани тъ боша янгаи моай”, “навбатчии туалет”.

Ба назар мерасад, ки тарҷумонҳои ин филм мухолиф бар аслу асосҳои тарҷума аз пеши худ ибораву вожаҳои русиро ворид карда, ҳамчунин фикр кардаанд, ки агар жаргону ибораҳои маъмулу роиҷи имрӯзи хиёбонҳои Душанберо дар филм дохил кунанд, забони филм “замонавӣ” мешавад. Шояд ин фикр дуруст бошад, аммо набояд ин корро аз ҳисоби беҳунарии тарҷумонҳо кард ва ҷисми нимҷони забонро боз ҳам ҷираҳдор намуд.

Усулан дар асар (хоҳ асари катбӣ ва хоҳ асари гуфторию дидорӣ) замоне қаҳрамон ба шева ҳарф мезанад, ки агар намояндаи ҳамон шева бошад ва барои воқеитар ва заминитар шудани асар муаллиф ин корро мекунад. Вале дар серёли “Ҳидоят” ғараз аз чунин ҳамоқат ва ба хориву забунӣ кашидани забон чист, нафаҳмидам!

Масалан ин гуна “шоҳҷумла”-ву “шоҳибора”-ҳоро танҳо дар ҳамин филм метавонед бишунавед: “Бахудо, сарт ранги куни отёркаай”, “тағам девонааашаааййй”, “Биё брем, ки рожаш нафорид”, “ҳичӣ не, чисотка доштай”, “Ай занакода бисёр ноз кадӣ”, “Майлӣ, брат”, “ин войимакнира бин”...
Албатта роҳ додан ба ин гуна ҳамоқат баргирифта аз тафаккури ҳоким ва муҳити ахлоқие аст, ки як қисм аз “ҳунармандон” ва тарҷумонҳои мо зери он қарор доранду дар он парварда шудаанд. Вале Кумитаи забону Кумитаи телевизион, ки масъулияти назорат бар ин гуна тарҷумону ширкатҳои продюсериро доранд, чаро масъулияти худро дар баробари забони миллӣ иҷро намекунанд?

Ба ин суханон таваҷҷуҳ кунед: “Вазъияти имом бақлаҷонай, ай мо турб”, “Ма мотосикла я мойка барм”, “Ма дар мачитм, асалак, бромадм зангт мезанм”, “Домулло ҳам модный будааст”, “А бача, ин Чингиз кам-кам ба саволомон ҷавоб медод, тъ чӣ дамта грфтай?”, “Ма як одами касалии бесаводм, кам-кам перепатка дорм, ай дҳанм ҳар гап меброя”, “дар баракаттон туф кардагиюм”, “бнуш, чойи девонашааййй”, “зеботарин ноҳияи Тоҷикистон, а бача, Дарвозай охи”, “ина амин гаптон гааанда мара сахт расид”, “ма домуллои тра з...гӣ нестм”, “Тра па пути бай мачита барм, ба мерам белниса”, “чиба акъ”, “Ягон бахшиш боша камбудӣ”, “хафа нашав, меган доверяй но проверяй”.

Тарҷумонҳо ва мубтакирони баргардонии ин серёл ба андозае бешарм ва ба сарнавишти забон бетафовут ҳастанд, ки ҳарфҳоеро, ки инсон дар муколамаи одӣ гуфтан шарм медорад, инҳо дар филм ворид мекунанд: “Я одам пешов када наметонист, хондш ранги фантан шид”, “Чоркунҷа, секунҷа, ман задагӣ нестам, ки чандкунҷа аст”.

Ин чанд мушоҳида аз чанд тикаи ин филм буд. Кӣ медонад, шояд дар тамомии ин серёл, ки бинандаҳо мунтазири тикаи 28-уми он мебошанд забон чӣ қадар масхараву расво шуда бошад. Дар ин филм тарҷумон ва коргардони дубля бидуни ҳеч кадом ҳаросу дудилагӣ вожаҳои русиро истифода кардаанд ва таъбирҳои аблаҳонаи бачаҳои хиёбониро ҳам истифода намудаанд. Онҳо аз ин роҳ хостаанд, ки ҷанбаҳои ҳаҷвии филмро бештар кунанду худи филмро диданитар. Аммо ин як хатои нобахшиданист. Тарҷумон ба ҳеч ваҷҳ ҳақ надорад, ки аз пеши худ дар асар ҷумлаву ибораву маъниву таъбир ворид кунун ва он ҳам чӣ ибораву маъниву таъбире...

Забонро ҳамин гуна тарҷумону коргардону раисону вазирони беҳунару каммояву нотавон ба ҳақириву забунӣ мекашанд ва ин забони пӯёву гӯёву зоёро бечораву нотавон мекунанд. Боқии гап ва кор дасти Кумитаи забон ва Кумитаи телевизион аст...

Мушоҳидагари “Озодагон”

Мӯҳр
Аспи този шуда мачрух ба зери полон
Тавки заррин хама бар гардани хар мебинам.....

Рустам
Инҳо не ба забон кор доранду не ба маданият инҳо мехоҳанд миллатро нобуд кунанд ва қавми муғулро сари кор биёваранд

боха
мешава бехтарин тарчума хеч гап не шумо аввал дар сайт и тарифитон маколаи хондани боб чо куне вакат як хабари пешаки озоди мебарора як рангу бораш мекуна и хабархои ВКД ра чоп мекунен

Бояд донишмандони забоншинос (агар бошанд) ба вазорати фарҳанг ва додгоҳ аз болои ин тарҷумонҳо шикоят нависанд. Чунин филмҳо ва хонданиҳои овозхонҳое, ки забонро вайрон мекунанд аз телевизион ва радио нест карда шаванд.

Озодагон дигар ягон мавод наёфтед ки ба мулои замонавӣ часпидед, монед мардум ақаллан бо ҳамин филм зиндагии вазнини худро фаромуш кунад лаҳзае ҳам........

XxX
хами шарт бд ки да рузнома нависиш

Точик
Мухтарам журналисте ки хамин маколаро навиштааст. Аввал худатон забони точикиро ёд гиред! "Серёл" чист? магар дар забони точики хамин гуна калима аст? Агар хато накунам сериал ба забони точики силсилафилм тарчума мешавад. Инаш чи " кумедиё" ?

хехе
хами мардум я ними нон ефта хурдестан, ты чкордори. хами журналисто ах ай бахилитон намонден! медонм и чоп намешава.

Ба хамин касе ки ин гапхоро гуфтааст гуфтанийм ки ту хдт забони точикира чазир кардай. Агар икадар забони точикира дуст медошти калимохора ба лахчай эрони неву ба худи лахчай точики истифода мебурди. Ними матлпба хундм хавсалай хунданм сар рафт. Ин калимахое ки ту истифода бурдай да ягон лахчай махали немт. Хамокат, хамин тур, кумедиё- ва холо шояд бпштар ай и калимахо хам истифода бурда боши. Аммо бояд гуям ки хамокат не балеи химокат, хамтн тур не, балки хамин тавр, кумедё не балки камедя. Ту касе хасти худнамои карди ба ихел шапзанит ки гуё касе лахчай эрони гап бзана ба истилох афтаритетай. Хар чанд тарчумонхомун хуб нестан. Неки ту худат хам инкадар вонамуд накн ки басааоди. Таблиги лахчай эрони накн. Ай лахчай точикида дар забони форси лахчай ширинтар нест. Озодагон вактой ахир назарома чоп намени ва мна меранчуни ай хдт илтимос чоп кн.

фед
шумо кор надоред дига Журналисто хаминра гап мезанен ку як бор Филмхой Илхом Муродовро гап занед ку маьне надорад

Мухтарам рузноманигор-мунакид, хамчун як фарди ватадусти ин сарзамини бихиштосо эродхои Шуморо нисбати тарчумаи хароби ин силсилафилми туркии мулои замонави дастгири менамоям.Аммо бо он, ки тарчума бо лахчаи бачахои чануби кишвар шабохат дорад бо Шумо мувофик нестам. Хохиш менамоям хангоми ибрози акидаи худ ба изати нафси дигарон нарасед. Ба махал инчо ишора нумудан хуб нест.

Бародари азиз дуруст кайд кардааст ин чинояткорон яъне тарчумонхои ин филм бояд мучозот шаванд, чунки ин ба фарханги бе ин хам костаи чавонони мо халали чидди ворид месозад. Бояд,ки чунин филмхо умуман силсилафилмхои турки дар чумхурии мо аз намоиши омма гирифта шавад.

ЮРИСТ
Э бародари Мухтарам рузноманигор агар хами гапи шумора бигиран ранги забони навбромади шумо хами филма тарчума кнан, ира ягонкас тамошо намекна. Главни хамувай ки мардумда чомеада макул шава на балки шумода, гуфти дига бародаро хдт зурт омад ки калимахора тарчума кни ба монанди "кумедиё" ёке "серёл" хмм??? Бехтарин тарчума дар таърихи чомеа 1. Филми тасвирии "Панда" 2. Муллои замонави

Ман хам рози нестам, ки филмхо бо ин суханхои кабех тарчума шаванд, аммо.. Ман рости филмро тамошо накардам, чун мисли шумо бекор нестам, аммо маълум аст, ки хамин журналист аз Шимол аст. Ба Худо ман хамсояе дорам аз Шимол аст дар Душанбе калон шудааст ва зан аст, хамин "тра з...гӣ нестм” -ро дар вакти чанг ба забон овард. "Хамту не-ми", ки акаллан шеваи точики нест ва узбаки аст, харруз чи дар телевизион ва чи дар дигар матбуот истифода мешавад ку?! 95 фоизи забони шимолихо узбаки шудааст дар тули 40 соли дар зери асорати мугулхо, хатто аз чихати антропологи хам, киёфаатон узбаки хаст. Хамин захр пошиданатонро ба хар тарике ба мардуми чануб бас накардед-да.

Неметулои Кулоби
Бародарон и лавзи шрини Кулобияй ки мардм ика тамошош мекна набоша ба филмхои адабии шумо хичка вакт надора гуш кнад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)