Бахшҳо

Амалишавиии тарҳи CASA-1000 ба манфиати минтақа аст

Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо Селим Кунералп, раиси Конфронси Паймони Неру мулоқот кард.


Тибқи иттилои ВКХ дар нишаст масоили ҳамкории дуҷониба ва дурнамои иштироки созмони мазкур дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон муҳокима гардиданд. Зимнан, Солиев гуфт, ки Тоҷикистон барои таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба қувваи барқ ниёз дорад: «Дар ҳолати камбуди газ ва нафт, ягона манбаи неру ин гидроэнергетика мебошад».Сафири Тоҷикистон таъкид сохт, ки татбиқи лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои хурду миёна, алалхусус НОБ-и Роғун ба манофеи миллии Тоҷикистон пурра ҷавобгӯ буда, барои рушди иқтисодиёти давлат, инчунин дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистону Покистон мусоид аст.Дипломати тоҷик диққати мусоҳибашро ба он  ҷалб намуд, ки НОБ-ҳои хурду миёна эҳтиёҷоти энергетикии ҷумҳуриро пурра қонеъ намекунанд.

Ҳамзамон, Рустамҷон Солиев зарурати амалисозии тарҳи минтақавии CASA-1000-ро ба хотири пешрафти иқтисодию иҷтимоии минтақа қайд кард. Сафири Тоҷикистон аз Паймони Неру ва кишварҳои узви он барои иштирок дар татбиқи лоиҳаи номбурда даъват ба амал овард.Аз ҷониби худ Селим Кунералп ба густариши равобити дуҷониба баҳои мусбат дода, омодагии хешро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба иброз дошт. Раиси Конфронси Паймони Неру ҷонибдории худро аз саъю кӯшиши мардуми тоҷик дар истифода аз захираҳои табиии худ баҳри рушди Тоҷикистон баён кард. Ӯ ҳамчунин иштироки кишварҳои узви Паймони Неруро дар пиёдасозии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 имконпазир арзёбӣ намуд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)