Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:10

Нахуствазири Русия-номзад ба мансаби президентӣ

28 ноябр 2011, 03:45

Дар Русия маъракаи пешбарии номзадҳо ба мақоми райисҷумҳур шурӯъ гардид.

 


Ахиран, Владимир Путин, нахуствазири ин кишвар дар анҷумани  ҳизби «Единая Россия» аз сӯйи вакилон ба ҳайси даъвогари курсии президентӣ пешниҳод шуд. Зимни суханрониаш дар анҷуман Путин гуфт, аз онҳое ки маро ба ин мақоми баланд пешбарӣ кардаанд, сипосгузорам. Номбурда афзуд, аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла мамолики Ғарб талаб менамоем, ки ба интихоботи Русия мудохила накунанд: «Русия кишвари демократист, ҳамкори мутмаину пешбинишаванда аст ва бо ин кишвар Ғарб метавонад ва бояд забон ёбад, вале ба он наметавонад аз берун чизеро ба сараш бор кунанд».

Дар анҷумани ҳизби мазкур президенти феълии Русия Дмиртий Медведев  иброз дошт, ки Владимир Путин номзад ба мақомаи раёсати ҷумҳурӣ дар ҳар ҳолат машҳуртарин, ботаҷрибатарин номзад ва муваффақтарин сиёсатмадор дар Русия кунунист.

Маврид ба тазаккур аст, ки интихоботи вакилон ба Думаи Давлатӣ рӯзи 4-уми декабри соли равон ва интихоботи президентии Русия рӯзи 4-уми марти соли 2012 баргузор мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!