Бахшҳо

Мардум: “Лимит” оғоз шуд... “Барқи тоҷик”: Не, “профилактика”

Сокинони навоҳии Тоҷикистон бо “Озодагон” тамос гирифта, аз маҳдудияти интиқоли барқ тайи рӯзҳои охир хабар доданд.

Субҳон, як сокини ҷамоати Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, имрӯз, 14-уми октябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, шабонарӯзи гузашта интиқоли барқ дар маҳалли зисташон қатъ шудааст: “Дирӯз 8-и саҳар интиқоли барқро қатъ карданд, соати 5-и бегоҳ барқарор карданд. Шабона аз соати 10 то 5-и субҳ хомӯш карданд. Ин саҳар боз соати 8 интиқоли барқро қатъ карданд”.

Инчунин сокинони навоҳии дигари атрофи Душанбе низ аз маҳдудияти интиқоли барқ хабар доданд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” дар шарҳи вазъ ба “Озодагон” гуфт, расман ҳоло лимити барқ оғоз нашудааст маҳдудиятҳо ба корҳои профилактикӣ дар бархе манотиқи кишвар рабт доранд. Ёдгорӣ афзуд, ҷорӣ намудани “лимит” баъди таҳлили мутахассисон рӯзҳои наздик дар назар аст.
Қаблан Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” иттилоъ дода буд, ки бо барқарор гардидани иқтидорҳои нав, таъмини неруи барқ ба аҳолӣ дар зимистони имсола нисбат ба солҳои пеш беҳтар хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол тибқи мониторингги Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон 13-уми октябр сокинони ноҳияи Файзобод-17 соат, Ҳисор-11, Ҷиргатол-16, Нуробод-24, Рашт-11, Роғун-14, Рӯдакӣ-22, Шаҳринав-20, Тоҷикобод-19, Турсунзода-22 ва Ваҳдат 7 соат барқ гирифтаанд. Ба иттилои манбаъ навоҳии вилояти Суғд 24 соат бо барқ таъмин будаанд. Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон афзуд, ки 13-уми октябр таъминоти барқ дар ноҳияи Бохтар ба 12 соат, Данғара-8 соат, Ҳамадонӣ-21, Ҷиликӯл-20, Ҷомӣ-11, Ховалингу А.Ҷомӣ-11, Хуросон-12, Муъминобод-12, Носири Хусрав-10, Панҷ-18, Қубодиён-17, Шаҳритус-19, Шамсиддини Шоҳин-18, Темурмалик-20, Вахш-11, Восеъ-17 ва Ёвон-19 соат баробар будааст. Дар ВМКБ ба истиснои Мурғоб, ки 8 соат барқ доштааст, навоҳии дигар 24 соат бо неруи барқ таъминанд.
Мӯҳр
Дар шаҳри ваҳдат немисо зиндаги мекунан ки 7 соат барқ медиҳед

аму 7 соати вахдата гирифта ба дангара додан даркор хихихихи

Рузи асал рузи харбуза рузи джувори макка як руза рузи Лимит эьлон кунед бехтар мешуд.Дилмона гирифт хами лимит кай бас мешида боша.

машраб
бояд пешаки ба мардум вакти огозшавии лимит ва чанд вакт дар як шабонаруз надоштани светро огох намоед, набошад конуншикани хисоб меебад азтарафи барки точик дар шахру нохияхо!!!!!

Профилактика!!!! Чи хел? Дар тамоми чумхури профилактика?????????? Эй шармандахо бас кунед мардумфиребиро!!Худо мезанатон"

ВаҳВаҳдада ҳаму ҳаму ҳафт соатам барқ надиҳен меша ё вайҳо \тоҷик нестанд медиҳад ҳамада баробар диҳед

Рустаи
Ай шахри Сарбанда намеген кадом руз руи об мемонад барк нест.

Точикистони мо филми Машина времениро мемонад зимистон Иван Грозний, тобистон асри 21

Масьуд
дар Варзоб хам баркро хомуш карданд

Навои
Бо ин лимит карданатон мурданатон бех

обурдон
нохияи масчохба 4 руз шуд ки лимити сахт чори шудагай.аз соати 17 то 22 шабона ва аз 8 то 17. барои чи дар сугд лимит нест мегуед ?аввал санчида баъд нависед!!!

шахрванд
"Озодагон"! ин калимахоро (навоҳи, манобеъ) аз кучо ёфтед а? Дар як чо навохи менависеду дар дигар чумла нохия менависед?

Ин мансабдорони мо халкро гусфанд хисоб мекунанд?Шабона чи хел профилактика??????????

бебарк
дар нохияи Хамадони 21 соат не хамаги 8-соат барк медиханд!

Се руз инчониб нохияи Б.Гафуров(Хизтеварз)аз 10.00то 17.00махдудият хаст.

Хамин хел набуд,хамин хел хаст,хамин хел то ...мемонад.Ин норасии барк ба мо точикони точдор аз бобохоямон мерос мондааст!Наход илоче дигар набошад?Ман боварии комил дорам кариб 90дар 100рохбарон,раисон,хукуматдорон сохиби барк,яьне бебаркиро хис намекунанд.Хатто электрики одди дар баьзе минтакахо сохиби хати алохидаи барк аст.Дигар сарватмандрнро намегуем...Бигзор Ин сарватмандон моторхои баркиро харидан истифода кунанд.Пули бисер доранд ку!?Эй ТОЧИК-Насиб Ин аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)