Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:09

Хусусигардонии ширкати «Барқи тоҷик» 7 сол идома мекунад

28 ноябр 2011, 04:36

Дар марҳилаи аввали таҷдиди сохтори ширкати «Барқи тоҷик», ки солҳои 2011-2013-ро дар бар мегирад, ин корхона шахси ҳуқуқии ягона ва ҳамоно монополисти табии соҳаи энергетика боқӣ хоҳад монд.


Ин нуктаро охири ҳафтаи гузашта, Уғулой Хоҷаева, масъули ширкати «Барқи тоҷик» зимни як ҳамойиши вижа дар Душанбе изҳор дошт. Ба гуфтаи бону Хоҷаева таҷдиди сохтори ширкати «Барқи тоҷик» дар се марҳила амалӣ мешавад:

«Марҳилаи аввал, тиҷориккунонӣ-солҳои 2011 – 2013, марҳилаи дуввум, рақобатпазирӣ – солҳои 2014 – 2015 ва марҳилаи сеюм хусусигардонӣ, ки солҳои 2016 – 2018-ро дар бар мегирад. Дар марҳилаи аввал солҳои 2011 – 2013 се зерсохтор, ки ба истеҳсол, интиқол ва тақсими барқ машғул хоҳанд шуд, ташкил мешаванд.  Дар марҳилаи дуюм ин зерсохторҳо ба ширкатҳои алоҳидаи мустақил табдил меёбанд.  Дар  марҳилаи сеюм ҷараёни хусусигардонии ширкатҳо сурат хоҳад гирифт».

Хоҷаева таъкид мекунад, ки бо назардошти стратегӣ будани соҳаи энергетика, баъди тақсими ширкати «Барқи тоҷик» ба се ширкати алоҳида, 51 фоизи саҳмияҳои  ин ширкатҳо дар дасти давлат боқӣ хоҳад монд.

Хароҷоти таҷдиди сохтори «Барқи тоҷик» ҳудуди 30 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мегардад, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дастгирии молӣ хоҳад ёфт.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!