Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:34

Ҳамойиши олимони ҷавон дар Душанбе

21 май 2011, 04:51

Айни замон дар Душанбе ҳамойиши олимон ва муҳақиқони ҷавон дар мавзӯи «Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар шароити соҳибистиқлолӣ»  идома дорад.

Тавре ба «Озодагон» аз кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, ин нишаст дар толори  раёсати хизмати давлатии назди президент  бо иштироки 120 нафар намояндаи олимони ҷавони муассисаҳои олии Тоҷикистон  баргузор мешавад. Дар конфронс 120 маърӯза дар се бахш- ҷомеашиносӣ, дақиқ ва биологияю тиб мавриди таҳлилу муҳокима қарор хоҳанд гирифт, ки беҳтаринҳо сазовори диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мегарданд. Ин конфронс бо ибтикори кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ баҳри дастгирии ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд, бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолият ва дар доираи «Ҳафтаи ҷавонон» доир мегардад. Гуфта мешавад, маҷмӯи маърӯзаҳои илмию амалии олимони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон ва илми муосир» бо фарогири 91 мақолаи илмӣ дар шакли алоҳида  мунташир шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!