Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:04

МН:Тарҳи қонун «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт

28 ноябр 2011, 06:18

Имрўз, 28 ноябр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, райиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шўрои МН баргузор гардид.


Дар нишасти мазкур масъалаи таъсис додани гурўҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи нави қонуни ҶТ «Дар бораи иҷора дар ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд.  Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дода афзуд, аъзои Шўро ҳамчунин лоиҳаи қонун «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ»-ро муҳокима карданд. Номбурда гуфт, масъалаҳои дигаре, ки дар ҷаласаи Шўро мавриди муҳокима қарор гирифтанд,   дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми МН МО, даъвати чорум ва лоиҳаи қарор «Дар бораи рўзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парлумони кишвар буд.

Манбаъ афзуд, райисони кумитаҳои МН Маҳмадалӣ Ватанов, Олим Салимзода ва дигар аъзои Шўро зимни шарҳу тавзеҳи масъалаҳаи ба рўзнома воридшуда мақсад аз пешниҳоди онҳо ба Шўрои навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим даровардани раванди фаъолиятҳои марбут ба иҷора, муттаҳид кардани ташкилотҳои қарзӣ ва бартараф кардани номувофиқатӣ байни қонунҳои амалкунанда арзёбӣ карданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!