Тоҷикистон аз ФИФА пул мегирад
Федератсияи байналмилалии футбол ё ФИФА давоми 10 соли оянда ба беш аз 200 Ассосиатсияи миллии футбол, бо шумули Федератсияи футболи Тоҷикистон 4 миллиард доллар ихтисос медиҳад.
Торнамои расмии ФИФА менависад, ин маблағ барои рушди футбол дар ҷаҳон ба 211 Ассотсиатсия миллӣ ҷудо мешавад. Ба иттилои манбаъ, ин тасмим дар нишасти ахири Раёсати ФИФА дар шаҳри Сюрихи Шветсария гирифта шудааст. Дар ин ҷаласа таъкид шудааст, ки шумори бозигарон, мураббиён, доварон ва мухлисон дар ҷаҳон аз 45 то 60 дарсад афзош ёфтааст.
Қарор аст, дар баробари 4 миллиард доллар барои 211 Ассотсиатсия миллӣ, ФИФА ҳамчунин барои рушди футболи занона давоми даҳ сол 315 миллион доллар ихтисос бидиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |