Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:13

ВКД: Гови Асадулло Маҳмадуллоевро аз оғилхона рабуданд

28 ноябр 2011, 07:05

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон як сокини рустои Навобод, ҷамоати Ифтихор бо ҷурми дуздии молу амволи шаҳрвандон боздошт гардидааст.


Тибқи иттилои ВКД, Маҳмадсайид Воҳидови 40-сола, ба таври пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаи Навобод 3 сар чорвои шахсии Раҷабовро, ки арзишаон дар маҷмӯъ 1800 сомониро ташкил медод, ба яғмо бурдааст.

Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки ба ҳамин ҳодиса монанд, дар ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 26-уми ноябри соли равон, соати 21:00 шахси номаълум  вориди оғилхони Асадулло Маҳмадуллоеви 67-сола шуда, аз он ҷо 1-сар ҳайвони шохдори калон, ки арзишаш 2500 сомониро ташкил медод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар вақти баргузории як амалиёти вижа аз сӯи кормандони милиса Зубайдулло Лақаеви 39-сола, сокини шаҳраки Сомониён, кӯчаи Шӯҳрат дастгир гардидааст. Нисбати ин ду қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!