Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:55

Шабданалиев аз шароити рафтуомад ба Тоҷикистон интиқод кард

28 ноябр 2011, 08:40

Темирбек Шабданалиев, раиси Ассосиатсияи интиқолдиҳандагони бори Қирғизистон зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Бишкек изҳор доштаст, ки зимни ворид шудан ба Тоҷикистон аз интиқодиҳандагони бори кишвараш маблағҳои ҳангуфт ситонида мешавад.


Ба гуфтаи Шабданалиев ҷониби Тоҷикистон ҳуқуқи кашондани 50 фойизи борҳои НАТО-ро ба ширкатҳои Қирғизистон додаст, аммо вазъ дигар аст: «Мо ба ҷуз аз ҳуқуқ чизи дигаре ба даст наовардаем. Мушкил зиёд аст. Аз ҷумла барои раводид ба Тоҷикистон ҳудуди 200-250 доллари амрикоӣ, дохил шудан ба ҳудуди ин кишвар 150 доллар,  андоз аз замин 100 доллар ситонда мешаванд. Дар маҷмӯъ бо назардошти пардохтҳои ғайрирасмӣ  зимни ворид шудан ба Тоҷикистон ҳудуди 900 доллари амрикоӣ пардохт мегардад ва ҳамаи ин ба души ронандагон аст».

Раиси Ассосиатсияи интиқолдиҳандагони бори Қирғизистон таъкид мекунад, ки ҷониби Тоҷикистон зимни ворид шудан ба ҳудуди Қирғизистон ин қадар маблағро пардохт намекунад. Шабданалиев вазорати нақлиёти кишварашро дар ноӯҳдабароӣ муттаҳам мекунад, ки наметавонад бо Тоҷикистон мушкилоти мавҷударо баррасӣ ва ҳал намоянд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!