Бахшҳо

Нигаронӣ аз қатли бабрҳои барфӣ: Пӯсташ 10 ҳазор $ (ВИДЕО)

Ҳомиёни олами вуҳуш бо нашри як гузориши ҷадид дар бораи савдои ғайриқонунӣ изҳор доштаанд, ки ҳанӯз ҳам дар куҳҳои Тоҷикистону Чин садҳо бабри барфии нодир қатл мешаванд.

Тибқи ин гузориш, ки дар доираи барномаи байналмилалии ҳифзи вуҳуш аз савдои ғайриқонунӣ, нашр шудааст, пӯсти бабри барфӣ дар бозори сиёҳ ҳудуди 10 ҳазор доллари амрикоӣ нарх дорад.

Ба иттилои мутахассисон сарфи назар аз он, ки шикори бабри барфӣ дар 12 кишвари Осиё мамнуъ эълон шудааст, аз соли 2008 то ҳол аз 221 то 450 бабри барфӣ қатл шудаанд: “Нисфи бабрҳои барфиро чӯпонҳою хоҷагидорон барои ҳифзи ҳайвонҳои хонагияшон куштаанд, нисфи дигар аз ҷониби қочоқбарон шикор шудаанд”.

Ин дар ҳолест, ки чӯпонҳои ноҳияи Рӯшон тобистони соли равон тариқи “Озодагон” аз мақомот барои ҳифзи чорвояшон аз ҳамлаҳои пайдарпайи бабрҳои барфӣ кӯмак хоста буданд. Дар пайи ин муроҷиат ҳомиёни табиат ба чӯпонҳо ваъда додаанд, ки барои ҳифзи чорвояшон кӯмак мекунанд, аммо то ҳол хидматеро ироа накарданд.

Бабри барфӣ ба феҳрасти ҳайвонҳои нодир ворид буда, ба ҳисоби соли 2003 дар ҷаҳон аз 4 ҳазору 80 то 6 ҳазору 590 бабри барфӣ мавҷуд мебошанд. Соли 2015 соли ҳифзи бабри барфӣ эълон шуда буд.


Бабри барфӣ дар ноҳияи Дарвоз:

Мӯҳр
шахрванд
Калимаи бабр-ро аз кучо ефтед? Паланги барфи буд ку

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)