Бахшҳо

Назарпурсӣ: Чаро дар вазъи буҳронӣ нархи барқ боло бурда шуд?

Дар пайи қарори ҳукумати Тоҷикистон барои 16 дарсад боло бурдани нархи барқ “Озодагон” аз коршиносон суол кард, ки чаро дар вазъи буҳронӣ нархи барқ боло бурда шуд.

Сайдмурод Раҷабзода, шореҳи масоили иқтисодӣ

Менеҷерҳо ва ё мудирони “Барқи тоҷик” ва як гуруҳи манфиатдор анқариб ду сол боз Ҳукуматро водор мекарданд, ки барои боло бурдани қиммати барқ иҷозат диҳад. Аммо ҳукумат дар ин муддат борҳо ин пешниҳоди онҳоро бо назардошти "вазъи зиндагии мардум" рад карда буд. Аммо яке аз лоббиҳо ва ҷонибдорони болоравии нархи барқ дар Тоҷикистон инчунин Бонки ҷаҳонӣ аст, ки ҳамеша аз ҳукумат даъват мекунад нархи онро боло барад. Дар пайи ин такопуҳо ҳукумат билохира нархи барқро боло бурд, ба умеде, ки қарзҳои ҳангуфти ширкати “Барқи тоҷик” каме коҳиш пайдо кунад. Аммо бо ин сатҳи идоракунии “Барқи тоҷик” ва ношафофият дар кори он ба гумон аст болоравии нархи барқ мушкили қарздории ин ширкатро ҳал кунад.

Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби комунистии Тоҷикистон

Боло бурдани нархи нерӯи барқ дар шароити буҳронӣ албатта ин як чораи зарурӣ аст, чун ки ҳамон нафароне, ки имрӯз дар соҳаи энергетика, дар тавлиди барқ кор мекунанд, онҳо ҳам инсонҳо ҳастанд. Илова бар ин, барои таъмири стансияҳо, хатҳои барқ, умуман ҳар чизе, ки аз неругоҳ то истеъмолкунанда мерасад, ҳамаи онҳо ба таъмиру таҷдид барои зимистонгузаронӣ омода мешаванд, ки хароҷоти аксари кулли инҳо аз ҳисоби фонди кишвар ворид карда мешавад, ки боло бурдани нархи барқ ба ин бетаъсир намемонад. Ман фикр мекунам, ки яке аз сабабҳояш шояд ҳамин бошад. Албатта ин боз як падидаи дигар дорад, ки ба боло бурдани нархи барқ, молистеҳсолкунанда низ нархи маҳсулоташро аз ин ҳисоб, ки нархи барқ қимат шуд, боло мебарад, ки ин боиси ташвиш аст.

Константин Бондаренко, иқтисоддон

Боло бурдани ҳаққи истифодаи неруи барқ агар аз як тараф ногузир бошад, аз тарафи дигар дар ҳама гуна ҳолат наметавонад тамоми мушкилоти самаранокии пасти соҳаро ҳал кунад. Дар ҳақиқат таъруфа (пеш аз ҳама барои аҳолӣ)-ҳо дар Тоҷикистон бо таносуб ба сатҳи зиндагии мардум имкон намедиҳанд, ки ба таври пурра норасоиҳо дар истеҳсоли неруи барқ ва хидматрасонии босифат бартараф карда шаванд. Аз ин рӯ, боло бурдани ҳаққи истифодаи неруи барқ ҳамеша яке аз талаботи сармоягузорони хориҷие мебошад, ки ба Тоҷикистон кӯмакҳои молиявӣ мекунанд. Мавқеи онҳо фаҳмо ва бисёр сода аст – низом бояд самаранок шавад ва барои ин зарурати бозпардохти пурра аст.

Аз сӯйи дигар, набояд мустақиман омили самаранокии пасти соҳаи энергетика ба таври истиноӣ ба паст будани ҳаққи истифодаи он барои аҳолӣ рабт дода шавад.

Зеро таъруфаҳо барои сохторҳои тиҷоратӣ хеле боло мебошанд ва барои таъмини фоида кофиянд. Пас кӣ боз мушкилот эҷод мекунад? Алабата мушкилэҷодкун аҳолӣ ва ё ниҳодҳои тиҷоратӣ нестанд. Ширкати ТАЛКО миқдори ҳангуфт (бар асои баъзе баҳогузориҳо аз чоряк то сеяк)-и тамоми неруи барқи дар кишвар истеҳсолшударо масраф мекунад, вале то кунун имтиёзи ба нархи пасттарин харидани ин барқро соҳиб аст. Ҳато арзонтар аз аҳолӣ. Бисёр ҷолиб аст бидонем, ки нархи нав барои ТАЛКО чанд аст? Ва чӣ гуна метавон, ба истилоҳ сатҳи баланди “талафоти техникӣ”-ро дар шабакаҳо шарҳ дод? Ин талафоти техникии воқеӣ аст, ки ба фарсудашавии шабакаҳо ва ё дар воқеъ ба ҷой доштани сирқати неруи барқ рабт дорад?
Дар фаъолияти ширкати “Барқи тоҷик” ба андозаи кофӣ шаффофият вуҷуд надорад, ки дар ин бора ҳамеша коршиносони дохиливу хориҷӣ мегӯянд.
Нақшаи қарзҳо, нархҳои ёрона барои ТАЛКО, имтиёзоти андозӣ барои худи “Барқи тоҷик” – ин гуна проблемаҳо дар фурсатҳои наздик аз роҳи боло бурдани нархи барқ ҳал карда намешаванд.

Аз ин рӯ, агар боло бурдани таърифҳо дар пайи худ арзёбии “Барқи тоҷик ва нақшаи таъмини шафоффияту самаранокии ширкатро дар пай дошта бошанд, метавонад таъсири мусбат бигузорад. Агар не, пас аҳолӣ ва ниҳодҳои тиҷоратӣ барои иштибоҳоти дигарон дар мудирияти соҳа бештар пардохт мекунанд

Абдуманнон Шералиев, таҳлилгар

Хуб, бӯҳрон, ки танҳо болои мардум нест. Ҳукумат ба бӯҳрони бештар ғӯтидааст ва аз ҳар тараф роҳи наҷот меҷӯяд, ки якеаш ҳамин болобарии нархи барқ аст. Албатта ин кор на он қадар кӯмак хоҳад кард, чун "Барқи тоҷик" фасодзадатарин ниҳод ва тақрибан банкрот аст, вале ба қавле "аз хас мададе".

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик”

Ҳоло маълум нест, ман дар ин бора чизе гуфта наметавонам. Ҳукумат ин масъаларо мебинад.

Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ

Мо шоҳид астем, ки ҳамасола нархи барқ боло бурда мешавад ва сабабаш ин аст, ки тақрибан 6 сол пеш давлати Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди ҳамасола боло бурдани нархи барқ дар кишвар қарордод баста буданд. Бонки ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳо барои ба стандартҳои ҷаҳонӣ расонидани системаи энергетии кишвар ҳамасола Тоҷикистонро барои нигоҳ доштани шабакаҳои барқӣ ва таъмири дигару дигар чизҳо дар ин соҳа пул медиҳанд. Вақте қарордод имзо шуд, ин дигар як чизи муқарарӣ аст, ки бояд иҷро шавад. Бо боло бурдани нархи барқ мо шоҳид ҳастем, ки вазъи шабакаҳои энергентикии кишвар беҳтар намешавад, вале нарх боло меравад.
Мӯҳр
таъруфа не, таърифа!

мехмон
Бухрони норасоии барк аз соли 1993 вучуд дорад. Новобаста аз чидду чахди Чаноби Оли кормандони ин соха бемасъулиятарин шахсоне хастанд , ки нисбати халк чабр мекунанд. О ин ширкат чаро ягон ухдадорияшро дар назди хукумату халк ичро намекунад ?

Дарвеш
ачоиб барк несту нархашро боло бурдаанд,аз хозир сар карда лимити барк вучуд дорад. дар назарам менамояд,ки "сатил пур аз об" шуда истодааст.

Аз хама назари бехтаринро сухангуи Барки Точик Нозирчон Едгори гуфтааст.

Шумо ба мардум кувваи баркро тид бад нарха бардори. Худи барк несту. Ин Барки точикба мардуми дехот одам нест. Кабинет нашишта яке рейд гузаронад ким ба барк хаст ба кй нест. Кимба хати тоза красный линия нархаш пайваст намудан 150$ доллар мархамат

Навои
Барки точик ту дуруггуи ва хаминхел хохи монд. Ва шумоеки ин фармонро имзо кардед

Бедил
Ачиб Бонки чахони ба сатхи маоши мардуми ягон шартнома е низоми муайян дошта бошад, ки ба инашам ягон болорави тарафдори кунад

Мухаммад амин
Ами света мода метиян амисол. Сокинони нозияй рудаки Чамоати шахраки Мирзо Турсунзода. домо хама безор шидиян ай холо лимит.

Рустам
Иктисоди бозорй хамин аст руфако! Хох-нохох амри Бонки чахониро ичро мекунем. Максад халкро барои мудати номуайян норозй нигох дорем. Агар пул карз кардан мехохем бояд аз руи нишондоди хамин бонк кор кунем. Русия як тини пучак намедихад. Бинед чор танга киргизоба дод, боз талаб дорад, ки онро баргардонад.

Норасои нест бародарон. биёед кач нишинему рост гуем. Менечмент дар ин ниход СИФР аст барои руйпуш кардани дуздии конралерону рохбарони конралерон боз ба кисаи мардум дастарози шуд. Хар яки мо медонем ки бар ивази пули муайян конралерон хар мох ба чойи сад сомон 50 сомон менависанд. Ана акун фикр кунед, ки недостатка дар хисоботхо хамчун потерия навишта мешавад.

Дарвеш
Исмоил Талбаков мегуяд барои тамъмири дигару дигараш аммо 20 сол мешавад дар дехахои мо мардум маблаг чам кардаву трасформатору симчубхоро таъмир мекунанд. Хатто устохои Барки точикро оварда маблаг медиханд бе маблаг кор намекунанд боз мегуяд барои таъмир тобаааа

Собир
А.Рустам,
Таъруфа дуруст аст.

Падставит шабдолов
Ба фикрм ки мухтарам Талбакууфф нозири барк кор кардаги хастай чи сразу сабаби пробоемара ефтак???

Инсон
Ба роҳбарияти Барқи Тоҷик, ба як қисм порахурони ҳамин ташкилот гуфтаниям дузҳоро хушру қапен, охир ҳама медонем ку свет-дузҳо бисёрянд... Мардуме ки ё ки корхонаҳое, ки барқро пинҳони истифода мебарен, илтимос аз Аллоҳ тарсен, фоида мебинен дар ин дунё охиратро фаромуш накунен, вой бар ҳоли он шахсе ки фикри охиратро надорад...

баркчи
Анекдоти нав: Ба хонаи яке баркнависи рафтам. Сохиби хона мегуяд: о хамин ту аз хамин барк бисертар ба хонахои мо меои!?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)