Вазорат: Нақшаи даъват 76% иҷро шуд, касе аз “облава” шикоят накардааст
Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 76 дарсади нақшаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи артиш хабар медиҳад.
Аз дафтари матбуоти ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, тайи 23 рӯзи даъват вилояти мухтори куҳистони Бадахшон (ВМКБ) нақшаи даъватро 98 дарсад иҷро карда, миёни минтақаҳои кишвар пешсаф аст. Иҷрои нақша дар вилояти Суғд 83%, Хатлон 79%, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 63% ва дар чор ноҳияи пойтахт 62%-ро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз унвонии вазорат дар мавриди ҷалби маҷбурӣ ё “облава” шикояте ворид нашудааст.
Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш 1 октябр шурӯъ гардид. Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки 3 сентябри соли равон содир шуд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2016 “шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” даъват карда мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |