Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:24

Боз ду варзишгари тоҷик соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 шуданд

28 ноябр 2011, 10:04

Дар шаҳри «Банкок»-и Таиланд мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи таэквондо ВТФ-намуди олимпӣ баргузор гардид.


Тибқи иттилои Муродалӣ Тешаев, сӯхангӯи дафтари матбуоти кумитаи миллии олимпи Тоҷикистон мусобиқаи мазкур аз 24 то 26-уми моҳи ноябр ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Лондон дар соли 2012 доир шуд. Аз Тоҷикистон  дар ин сабқат Фарҳод Неъматов  дар вазни 80 кило ва Алишер Гулов дар вазни аз 80 кило боло ширкат доштанд. Фарҳод Неъматов дар дидори аввал намояндаи Ҳиндустон Анан Пандияро бо натиҷаи 11 бар 4, баъдан варзишгари Чин Ла И Лиро бо натиҷаи 8 бар 7 шикаст дод. Дар қувваозмоии навбатӣ аз рақиби афғонаш бо таносуби холҳо ва афзалияти рақибаш Несар Аҳмад мағлуб гардид. Аммо дар қувваозмоӣ баҳри ба даст овардани нишони биринҷии мусобиқот Аҳмад Саъадро аз Қатар мағлуб намуда,  соҳиби роҳхат ба олимпиадаи Лондон-2012  шуд. Намояндаи дигари кишвари мо  Алишер Гулов дар муҳорибаи аввал варзишгари Қатар Абдулқодир Ал Атҳамиро  бо натиҷаи 11 бар 8 шикаст дод. Дар дидори дуюм рақиби узбакаш Ергаш Акмалро шикаст дод. Дар қувваозмоии даври ниҳоӣ бо варзишгар Сия Обо ли У рақбобат намуд ва баррандаи медали нуқра гардид. Алишер низ ҳуқуқи роҳхат ба бозиҳои олимпиро дар соли 2012 ба даст овард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!