Бахшҳо

Дахли Убайдуллоев ба қазияи латтукӯби журналист аз сӯи милиса

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон барои таҳқиқи қазияи латукӯби рӯзноманигор Доро Суҳробӣ аз сӯи милиса ба Додситонии кулли Тоҷикистон мактуб ирсол кардааст.

Дар ин бора Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки мактуби Убайдуллоев ба Додситонии кул баъди нашри муроҷиатномаи Хуршед Атовулло, раиси Шӯрои ВАО ирсол шудааст.

Ба иттилои манбаъ прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, Б. Ҷ. Ҳамид дар робита ба қазияи латукӯби Суҳробӣ ба сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД ҶТ генерал-майори милитсия Орифзода Н. М мактуб равон кардааст, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба Шумо маводҳои санҷиширо нисбати кормандони ШВКД-1 ноҳияи Сино вобаста ба ҳолати латукӯби хабарнигори ҳафтаномаи “Фараж” Маҳкамов Дороҷон Суҳробович барои санҷиши пурра пешниҳод менамояд”.

Прокурор аз Раёсати амнияти дохилии ВКД ҶТ хоҳиш кардааст, ки ҳолати мазкур мавриди санҷиши пурра ва ҳамаҷониба қарор дода шуда, камбудиҳои дар мавод ҷойдошта бартараф карда шаванд.

Доро Суҳробӣ қаблан дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, 18 сентябр барои инъикоси корҳои роҳсозӣ ва савдои кӯчагӣ ба назди бозори "Гипрозем" рафта, мавриди латту кӯби кормандони милиса қарор гирифт. Ба гуфтаи ӯ, “шоҳид шудам, ки зани тахминан 55-солаи обфурӯш бо марде дар либоси мулкӣ муноқиша карда, даъво дошт, ки “дирӯз ман 100 сомонӣ дода будам, ҳар рӯз пул аз куҷо аст, ки ба шумо диҳам. Шумо модар надоред, о, ҳама дар қади кӯча савдо доранд-ку? Чаро дигарҳоро намебинӣ, фақат ба ман часпидӣ".

Журналисти ҷавон гуфт, вақте хост асли қазия ва сабаби вайрон шудани тартиботи ҷамъиятиро фаҳмад, он мард дар либоси мулкӣ изҳор доштааст, ки "ту қонундон боз аз куҷо пайдо шудӣ, суратамонро мегирӣ?" гӯён суратгираки журналистро гирифта, флешкаашро шикастаст: “Баъд ба низомипӯш фармуду маро ба шуъбаи корҳои дохилӣ дар маҳаллаи Гипрозем бурданд. Марде, ки либоси мулкӣ дошт, маро то беҳуш шуданам кӯфт. Нафарони дигар, ки ҳамроҳаш буданд, монеи кори ӯ нашуданд. Баъдан аз якеаш фаҳмидам, ки сардорашон будаст”.

Суҳробӣ гуфт, ҳудуди 40 дақиқа дар идораи пулис мондааст ва афзуд тайи ин муддат, даст, рӯй ва сараш лат хӯрдаанд.

Рӯзи 7 октябр Вазорати корҳои дохилӣ бо нашри як иттилоия дар сомонаи расмияш гуфт, дар пайи санҷиш Ислом Хоҷаев, сардори минтақаи маъмурии милитсияи №19 ШВКД дар ноҳияи Сино аз кор озод карда шуд, аммо нафаре, ки рӯзноманигорро латукӯб кардааст, мушаххас нашудааст.

Созмонҳои хабарнигорӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз таъйиди далели латту кӯби журналист аз сӯи ВКД изҳори қаноатмандӣ карданд, аммо хулосаи иттилоияро боиси нигаронӣ хонданд, “зеро гунаҳкори асосӣ норӯшан мондааст”.
Мӯҳр
Ин нозирони минтакави аслан ба ичрои вазифаи хизматии худ машгул нестанд. Шахри Душанберо онхо ба гови чушоии худ табдил додаанд... Айб......

Судя
Милиса хамааш аз калон то катори як нав фахмишу акл доранд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)