Бахшҳо

Гуруснанишинии «қорӣ Садриддин» дар маҳбаси рақами 1-и вазорати адлия

Садриддин Тошев дар маҳбасхона даст ба гуруснанишинӣ задааст.


Тибқи иттилои расонаҳо, ин узви пешини иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик, ки бо тахаллуси «қорӣ Садриддин» маъруф аст, мебоист дар асоси Қонуни афв ба озодӣ барояд, дар эътироз ба амалӣ нашудани он даст ба ин иқдом задааст.Вакили мудофеи Садриддин Тошев гуфтааст, ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дар мавриди озодии зерҳимояаш ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гузориш додаанд, аммо ӯ ҳанӯз дар зиндон ба сар мебарад.  Зимнан, маҳбус Тошев бо ирсоли як нома ба унвони президенти Тоҷикистон, Додситонии кул, вазири адлия, раиси Маҷлиси намояндагон, Комиссариати СММ дар умури ҳуқуқи башар, Созмони Афви байнулмилалӣ ва расонаҳои дохилӣ ва хориҷии муқими Тоҷикистон муроҷиат намуда, хостори расидагӣ ба қазияаш шудааст.

 

Маврид ба ёдоварист, Тошев дар зиндони рақами 1-и вазорати адлия ба сар мебарад ва қаблан ҳам аснои боздиди хабарнигорон аз ин маҳбас гуфта буд, ки ҳукм дар нисбати онҳо сангин аст: «Намояндаҳои собиқ опозитсиюне, ки дар инҷо ҳастанд, аслан ба афв шомил намешаванд. Ман бо ин ҷазои беш аз 20 соле, ки гирифтаам, комилан розӣ намебошам».

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон рӯзи ҷумъа (25-уми ноябр) аз поён ёфтани иҷрои қонуни афв хабар доданд. Ба гуфти мақомот дар чаҳорчӯбаи ин тадбир бештар аз 4 ҳазору 300 нафар зиндонӣ афв шуда ва ба назди пайвандони худ баргаштаанд.Дар миёни онҳо 196 нафар занон ва 153 нафар ноболиғон низ ҳастанд. Мӯҳлати зиндони беш аз 5 ҳазор нафари дигар камтар шудааст.

Боис ба тазаккур аст, ки ҳанӯз 2-юми сентябри соли равон, Шерхон Салимзода, додситони кулли кишвар дар посух ба пурсиши журналистон оид ба татбиқи Қонуни афв дар қиболи бархе аз ашхоси мӯҳлати адонагардидаи ҷазояшон гуфта буд, ки мутобиқи моддаҳои 8,9 ва 13-и қонун «Дар бораи авф» мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати маҳкумшудагон кам карда мешавад. Прокурори генералӣ афзуд, бо пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳкумшудагон Ёрибек Иброҳимов, маъруф ба тахаллуси «Шайх Ёрибек», Исматулло Ҳабибуллоев бо лақаби «Исмати Аулӣ», Ёқуб Салимов, Садриддин Тошев, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ҷамшед Сияев ва чандеи дигар мутобиқи моддаи 13 ба мӯҳлати дусолӣ ва нисбат ба баъзеашон мутобиқи моддаи 8 аз ин зиёдтар кам карда шуд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)