Бахшҳо

Шарҳи расмии “Барқи тоҷик”: Нархи арзонтарин дорем, сармоягузоронро “мегурезонад”.

Ширкати “Барқи тоҷик” бо пахши як изҳороти расмӣ 16,5 дарсад - аз 12,6 то 14,65 дирам боло рафтани нархи як киловат нерӯи барқро шарҳ додааст.

Тибқи иттилои “Барқи тоҷик” нархгузории нав, ки аз 1-уми ноябр мавриди амал қарор мегирад, барои коршоям нигоҳ доштани системаи энергетикии Тоҷикистон тадбири муҳим ва ногузир мебошад.

Мутахассисони ширкат мегӯянд, бисёриҳо ақида доранд, ки барои истеҳсоли энергияи барқ дар нерӯгоҳҳои Тоҷикистон, ки манбаи истеҳсоли он оби бепул мебошад, хароҷот қариб, ки вуҷуд надорад: “Дар асл бошад, баробари дигар хароҷот-таъмиру таҷдиди иқтидорҳои истеҳсол ва интиқоли барқ ҳатто барои об ҳам пул сарф мегардад, Дар асоси муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол Ширкати “Барқи Тоҷик” аз ҳисоби истифодаи об барои истеҳсоли энергияи барқ дар НБО-ҳо то 35 млн.сомонӣ тариқи роялтӣ андозбандӣ карда мешавад”.

Инчунин “Барқи тоҷик” хулосаи ташхиси ширкати Олмонии “Fichtner”-ро зикр кардааст, ки андешидани тадбирҳои ҳатмӣ ва фавриро бобати таҷдид ва аз нав барқарор намудани нерӯгоҳҳои Норак, Қайроққум, силсиланерӯгоҳҳои Вахш ва Варзоб, инчунин як қатор хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои баландшиддат зарур мешуморад: “Аз рӯи нақша барои танҳо таҷдиди нерӯгоҳҳо дар солҳои 2012-2020 ҷалби 1,87 миллиард доллари ИМА зарур шуморида мешавад. Барои нерӯгоҳҳои барқи обӣ муҳлати кафолатии истифодаи бехатари таҷҳизоти асосӣ 40 сол муайян карда шудааст. Аммо агрегатҳои НБО-ҳои Норак- солҳои 1972-79, Сарбанд-солҳои 1962-63, Қайроққум-солҳои 1956-57, “Варзоб-1”-соли 1936, “Варзоб-2”-соли 1949,”Варзоб-3”- соли 1952 ба истифодабарӣ дода шудаанд. Онҳо алҳол барои таҷдиду модернизатсия сахт эҳтиёҷманд гардидаанд”.

“Барқи тоҷик” ҳушдор додааст, ки дар ҳолати наандешидани чораҳои фаврӣ оид ба таҷдид ва аз нав барқарор намудани онҳо таъмин намудани бехатарии энергетикии ҷумҳурӣ дар солҳои наздик зери хавф мемонад: “Паст будани тарифи нерӯи барқ, ки хароҷотро намепӯшонад, ҷалб намудани сармояи хориҷиро бобати татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва дигар иншооти муҳими энергетикӣ номумкин мегардонад”.

Ин ширкат мегӯяд, аз рӯи ҳисоби мутахассисон, барои кори муназзам ҳанӯз дар соли 2010 тарифи миёнасолаи нерӯи барқ бояд ба 2,5 сенти ИМА баробар мешуд, ки ин асоси бартараф намудани вазъи ногувори молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» ва таъмин намудани худмаблағгузории соҳа буд.

Аммо “Барқи тоҷик” мегӯяд, бо вуҷуди афзоиши хароҷоташ аз боло бурдани нархи барқ то ҳадди имкон худдорӣ мешуд: “Тайи солҳои охир арзиши қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоту маводе, ки барои эҳтиёҷоти истеҳсолии системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа харидорӣ карда мешаванд, ба маротиб афзоиш ёфта истодааст. Ҳамзамон ШСХК «Барқи Тоҷик» энергияи барқро аз ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1» бо тарифи 20,1 дирам ва аз ҶСК “НБО-и Сангтӯда-2” бо тарифи 25,6 дирам барои 1 кВт.соат аз шинаҳо харидорӣ намуда, бо назардошти хароҷоти технологӣ барқи фоиданокро ба истифодабарандагон бо тарифи миёнаи солона 11,95 (бо назардошти ААИ) ба фурӯш мебаровард. Нишонаи сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон аст, ки барқ аз ширкатҳои хориҷӣ бо нархҳои стандартҳои байналмилалӣ харидорӣ шуда, ба аҳолӣ ба нархи арзон фурӯхта мешавад”.

Дар иттилоияи ширкат таъкид шудааст, ки нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон нисбат ба тарифи нерӯи барқи дигар давлатҳои ИДМ хеле арзон мебошад: “Барои мисол, тибқи маълумотҳои расмии Кумитаи иҷроияи Шӯрои электроэнергетикии ИДМ, дар соли 2015 тарифи миёнаи 1 кВт.соат нерӯи барқ дар Ӯзбекистон – 3,9 сент, дар Россия – 4,59 сент, дар Озарбойҷон – 3,3 сент, Арманистон – 8,38 сент, Белорус – 10,93 сент, Молдова – 8,91 сент ва Украина – 6,52 сентро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон бошад, тарифи миёнаи 1 кВт.соат нерӯи барқ 1,51 сентро ташкил медод”.

“Барқи тоҷик” афзуд, ҳоло баъд аз ворид намудани тағйирот дар тарифҳои барқу гармӣ нархи 1 кВт.соат энергияи барқ барои аҳолӣ 1,86 сентро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
Помир
Дар Бадахшон 23 дирам. Хамо доими аст.

BMW
Барки Точик !!! Халки точик 5000-10000сомон маош намегиранд.. Хаму 700 сомоне мегиран 15 руз мерасонашон. Чиба якбор намегуен Точикистон дар байни давлатхои ИДМ аз хама моши паст медихад?

Пас аз соли 92 ягон маротиба таъмир накардаед ва ягон харочот накардаед пас пули неруи барк кучо меравад? Дар 25 сол факат пул чам кардед ва дуздидед чаро таъмин накардед? Даромади солонаи барки точик чикадар аст ва чаро пинхон аст? Харсол 35 милион сомони андоз супоред даромади якмохаи барки точик на камтар аз 100 милион сомон аст. Пас дар як сол аз милиардхам мегузарад бо пулхои барки фурухтаатон ба афгонистону киргизистон пас пул кучо меравад? Инкадар милиардхо доларро дуздида метавонеду аз ухдаи таъмири гес намебароед? Хулоса хамаи инхо ошкор аст ки шумо пули барки точикро медуздед ва касе бо инкадар гайбзадани милионхою милиардхо чизе намегуяд

сангтуда 1 ва 2 ба мо баркро кимат медихад мо хам бояд обро ба онхо кимат фурушем

Аналитик
Хамаи шархоро дарч кардед, аммо оиди ТАЛКО чарро хомушед.

Манижа
Хангоми тахлили нархи барк дар мукоиса бо дигар давлатхо мукоисаи маош бо дигар давлатхоро низ дар зераш менавиштед бисер хуб мешуд

Барки тоқик! Мардум акнун гаранг нест, ки ба ин афсонахои шумо эътимод дошта бошад. Аввал ин ки он кишварҳое, ки номбар кардед, аксар аз стансияҳои атомӣ барқ ҳосил мекунанд. Дуюм, майнатона об накардед, ки ҳисоби миёнаи музди мехнат дар киёс бо он кишварҳо дар Точикистон чи кадар аст. Ва сеюм, кани шаффофияти Шумо? Арзиши аслии 1 квт. барки оби 0,01 дирам аст. Ин кадар пула барои сохтмони боз кадом кушку касрхотон истифода мебаред? Пул кучо меравад?

Кишвар барқ истеҳсол мекунад, бояд арзон бошад. Дар муқоиса мисол овардан хатост! Масалан, кишварҳое, ки газ истеҳсол мекунанд барои худашон хеле арзон аст.

Имсол дар хамаи нохияхои вилояити Хатлон неруи барк пура 24 соат дода мешавад?

Дарвеш
Аз хама арзонтарин дар Киргизистон аммо уро ном намебаранд. Маошро низ баназар гиред. Ё мисли Бадахшон 23 дирам кунеду доими бошад.

Бебарк
Намояндагони Ширкат Шумо бо гузаронидани хакки масрафи барк танхо дар компютер ва ба чайб задани пули мардум ва пайваста зам намудани карзи ширката бас кунед хамааш халай

Намешавад, ки Барқи Тоҷик хароҷотҳояшро аз ҳисоби мардуми Тоҷикистон неву, аз ҳисоби барқи ба Афғонистону Қирғистон интиқолшаванда, пӯшонад?

Бас будагист мардумфиреби!!! То кай гапи дуруг мезанед гох агрегатхо фарсуда шудааст гох оби Норак кам шудааст гох соли бе бориш омад дигар ба шумо бовари намондааст.Кани хамон барке ки нархаша бардошта истодаед.Оооо инсоф хам дар кор ку аз ин дунё мо на 14 дирам мебарем на 16 дирхам.Озодагон илтимос чоп кунед кунед.Гуфти русхо ин ,,Крик души''.

ман
барки тоҷики муҳтарам ва доно ин оморро пурра пешниҳод кардӣ маоши миёна ва нафақапулии он мамлакатҳоро ҳам пешниҳод мекардӣ!!!

Паланги тездандон
Хуб мешуд хамон касоне,, ки ин конунро баровардан акалан як шаб дар торикии зулмот ва хонаи зиндонбарин сард зиндаги мекарданд ва ба чои чойи гарм оби сард, ба чой хуроки гарм, пиёзи хома бо нони кок хуранд ва ба чойи либоти дарзмолкардашуда бо либосхои афандимонанд дар кучахо гарданд, хеле шом мешудем ва пули барка саривакт медодем. 14,65 дирам не, балки 65,14 дирам сари киловат.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)