Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:57

М.Убайдуллоев ба муовинаш танбеҳ дода, ду масъули дигарро аз мансаб барканор кард

29 ноябр 2011, 03:17

28-уми ноябр дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ баргузор гардид.

 


Тавре Шавкат Сайидов, сухангӯи мири пойтахт ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар ҷаласа дар баробари дигар масоили хоҷагидории шаҳр дар самти хизматрасониҳо ба аҳолӣ ва фаъолияти сохторҳои марбутаи хизматрасон, қабл аз ҳама вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, ҳолати роҳу пиёдагардҳо ва латокҳои обпартои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷаноби Убайдуллоев нисбат ба фаъолияти ҷойдошта дар нақлиёти ҷамъиятӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба муовини соҳавии раиси шаҳри Душанбе Абдулхайр Оев танбеҳ эълон карда, муқаррар сохт,ки фаъолияти Ситоди шаҳрӣ бобати ба танзимдарории хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, ки аз ҷониби раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо Субҳон Сафиалоев назорат бурда мешавад дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ карда шавад.

Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаи тадбирҳои шаҳрдории Душанбе нисбат ба дастгирии иҷтимоии категорияҳои оилаҳои камбизоат ва шахсони ба ғамхорӣ ниёзманди шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулини шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки дар доираи қарорҳои қабулнамудаи раиси шаҳр расонидани кўмакҳои доимиро ба ин категорияҳо вусъат бахшида, пайваста аз натиҷаи он  ва мониторинги корҳои суратгирифта унвонии шаҳрдорӣ ахбор манзур созанд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои истифодабарии замин, қабл аз ҳама татбиқи нақшаи генералӣ дар маҳаллаи Ховарон ва ҳолати баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки тибқи муқаррарот барои воқеияти ниёзмандии муроҷиаткунандангонро ба қитъаи замин бобати сохтмони манзили истиқоматии индивидуалӣ муайян намудан  ба ноҳияҳои шаҳр фиристода шудаанд, зикр сохт, ки зери масъулияти муовини соҳавии раиси шаҳри Душанбе тезонидани корҳои омўзишӣ дар ноҳияҳо  вусъат бахшида шавад.

Зикр гардид, ки барои расидагӣ ба арзу шикояти сокинони пойтахт телефонҳои боварии 221-98-51, 221 -25-96, 221-13-11 ва пуштаи электронии райиси шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com омодаи қабули муроҷиати шаҳрвандон аст ва  дархостҳои мазкур ҳар ҳафта бо иштироки ҷонибҳо рўзҳои шанбе зимни қабули шахсии раиси шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Манбаъ афзуд, дар ҷаласа аз ҷониби райиси шаҳр як қатор дигаргуниҳои кадрӣ андешида шуд, ки тибқи он Холиқов Муним Маруфович бинобар сардори шўъбаи  Хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъин шудан муаррифӣ гардида, директори муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе» Назаралӣ Сатторов ва директори «Боғи Дўстии Халкҳо» Алӣ Фақеров аз вазифа сабукдўш карда шуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!