Бахшҳо
27 окт 2016 13:27Тоҷикистон / Тема дня

“Корманди амният” дар қабулгоҳи раиси Кумитаи занон: Пота ба пои ма дароз накун

Гулӣ Зардова, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, имрӯз, 27 октябр дар қабулгоҳи раиси Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон шоҳиди рафтори ношоями ҷавоне шудааст, ки худро "корманди амният" муаррифӣ мекард.

Хонум Зардова дар сафҳаи фейсбукаш навиштааст, ин ҷавон худро "корманди амният ва бачаи генерал Саидов" ном бурда, бо нишон додани ҳуҷҷати "муқоваи сурхдор" ба ҳозирин дод мезад: "Ӯ ба ҳозирин дод зада фармон медоду, нафасгирӣ намегузошт. Яке аз духтарон эътироз овард, вале ҷавон ба ӯ дӯғу пӯписа зада гуфт:
- Ту медони катии кӣ гап задестай!? Ма коркуни амниятм, фаҳмидӣ! Даркор шава ҳама кора мепартойю, қати ма мерай...!"


Ӯ дар идома менависад, ҷавони дигаре ин рафтори "корманди амният"-ро дида? аз духтарон пуштибонӣ кард: "Корманди амният ба ғазаб омада ӯро ба сӯҳбати як ба як даъват намуд. Аз авзову рафтор ва гуфтори ҳамин ҷавон, ки ҳар лаҳза ҳуҷҷаташ "удостоверенияаашро" бароварда ба рӯи одамон тиқонда, бале, маҳз тиқонда, ҳатто имконияти хондани ному насабашро намегузошт, аз даҳонаш хаф паридагӣ барин фоффофкунон ҳайтас мезад".

Гулӣ Зардова мегӯяд, дигар тоқат накард ва худро ба он ҷавон муаррифӣ кард: "Ӯ ба ман ким чӣ хел аз боло ба поён нигариста гуфт:
- Хай чӣ! Баъд чӣ!? Ма коркуни амниятум, ту хдта ба ма сарбасар накн!
Гумон макунед, ки ман инҷо ба хатои техникӣ роҳ додаам, не, айнан ҳарфзании ҷавонро овардаам. Вақте ӯ ғалғала бардошта, яке аз кормандони Кумитаро ба берун кашида бурданӣ шуд, камина аз қафояш баромада, насиҳат кардам.
Насиҳат он тараф истад, ки чизеро намедиду намешунид.
Ту медони ма киюм!?
Ма бачаи генерал Саидов ҳастм! Пота ба пои ма дароз накун...!"


Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд ва дар сурати дастрас шудани назари мақомот "Озодагон" онро дар зудтарин фурсат нашр мекунад.

Ин қазия дар ҳолест, ки қаблан мақомот аз ифшои чанд ҳолате хабар доданд, ки баъзе ашхос худро "корманди мақомот" ё хеши афроди воломақом муаррифӣ карда, ба қонуншиканию бетартибиҳо даст мезадаанд.

Боздошти “ҷияни Шукурҷон Зуҳуров”, “ёвари Азим Иброҳим” ва...

Боздошти писари тақаллубии Президент аз сӯи ниҳоди Р.Эмомалӣ


Акс аз саҳфаи фейсбуки Гулӣ Зардова
Мӯҳр
а
Кудаки дуруза...ма киюм...Ту шохдори...

Аз руи афтуш малум мегардад, ки у як донишчу мебошад, мумкин хонум Зардова ҳуҷҷати "муқоваи сурхдор"-ро хуб дарк накардааст, барои он ки донишҷуён ҳам студенческий "муқоваи сурх" доранд.... храп гузашт да....

Неким ҳаммаи рузноманигорон ва худи Хонум Зардова кормандони мақомотро насиҳат кунанд, ҷинояткоронро ки меқапад

сафар
ман боварӣ дорам дар мухлати кам казияи бедодгарии кудак бояд чазоша бинад.

генерал Саидов
И бачаи ма нестай! Дуруга мега!

Албата чунин рафтору кирдору амал аз руи одат нест, хох корманди амният бошад ва ё не. Ин амалкарди чавон нишонаи бемаърифатии уст. Ман бовар надорам, ки у корманди амният бошад, чунки то чое огахи дорам дар макомоти амният кормандони бо насаби "Саидовхо" бисёранд, вале генерал Саидов танхо як нафар буд, ки ба наздики ба нафака баромадааст ва писарони у дар макомотхои интизоми кор намекунанд....

Карим
Хаммин акси хамон амниятаст.кудаки бодоб.ту барина садкаи насихати апаи Гули кунад.

ВВВВ
Гулаки динаги фаркш чи бачаи кии. Бачаи Собик прокурори Генералиро бурда хабс кардан. Чаро ба навор нагирафтан хамин гулака.

Дамирхон
"Пота ба пои ма дароз накун". Hamun pochai darozat meshikast hubtaru behtar meshud.

Беном
мухтарам Озодагон ба иззати нафси дигарон нарасед, дар Точикистон дар се минтака се лахча аст..............................

мехмон
Озодагони мухтарам ! Оё калимахои лахчавиро дар макола навиштан шарт хаст ? Шумо ба мукобили чунин рафтор мубориза мебаред ё инро реклама мекунед?

nabi farhor
Афсус.Агар журналистон рус мебуданд,ин ходисаро мустаким тарики телевизион нишон медоданд.Маълум аст,ки ин корманди кучое,набошад,писари кадоме набошад,суйистифода аз мансаб кардааст.Наход журналист тел боварии ВКД ро надонад ва дар тамос шавад.Боз афсус.

Abrorjon
Даврони шӯравӣ ҳамсоя ҳатто намедонист, ки ҳамсояаш дар амният кор мекунад. Ҳозира кормандони қудратӣ вақте ягон корашонро буд карданӣ шуданд, "УДОСТОВЕРЕНИЯШОН"-ро бароварда нишон медиҳанд.
Агар ин қабил "Амниятиҳо"-ро ба хориҷи кишвар барои ягон вазифа фиристонанд, дар ҳамон ҷо ҳам ҳуҷҷаташонро нишон медиҳанд.

Ба фикри ман ин як сафсата будагист. Наход, ки корманди амният асноди чои корашро ба як кудаки беклу бе маданият дихад???харгиз, як рафики ман низ дар ин макомот кормекунад, аз он вакте ки уро мешиносам ва медонам дар макомоти амният кор карданаша, вай хамавакт вакт надорад, хатто шабхо дар хизмати ватан аст. Баъд ин чи хел мешудаст, ки аснод дар дасти як кудаки бесаводу сохби аснод дар чои кор??? Хеч номумкинаст ин, дуруст намеояд хеч ин гапхо

Гули Зардова
Рости гап худам бовари надорам, ки хамин корманди макомоти амният бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)