Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:57

Равуои нақлиёт тавассути ағбаи Шаҳристон тибқи реҷаи махсус сурат мегирад

29 ноябр 2011, 04:12

Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд дар ҷаласаи корӣ ба роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдор супориш дод, ки ҷиҳати таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт тавассути ағбаи Шаҳристон чораҷӯӣ намоянд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҷиҳати сари вақт тоза намудани роҳи мошингарди Хуҷанд-Душанбе ва асосан гарданаи Шаҳристон аз барф тибқи супориши Расулзода 10 тонна сӯзишвории дизелӣ ҷудо гардид. Ҳамзамон,якчанд техникаи роҳтозакунӣ, аз қабили булдозерҳо ба ағбаи Шаҳристон сафарбар шуданд.

Манбаъ афзуд, аз ҳисоби масъулин ва мутахассисон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Мубинҷон Қаюмов дар минтақаи ағбаи Шаҳристон навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардид, ки он равуои нақлиётро тибқи реҷаи махсус таъмин менамояд.Ин роҳ барои сокинони кишвар, бахусус барои аҳолии вилояти Суғд аз аҳамияти бузурги иқтисодӣ бархурдор аст. Зимнан, иттилоъ дода шуд, ки феълан равуои нақлиёт дар ин ҷода тибқи реҷаи махсус роҳандозӣ гардидааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!