Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:06

Имрӯз даври ниҳоии мусобиқоти футболи Тоҷикистон баргузор мешавад

29 ноябр 2011, 06:41

Имрӯз бозиҳои даври 44-ум ва ё худ охирини сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон  баргузор мешаванд.


Дар ин давр дастаҳои «Парвоз» бо ССКА «Помир», «Энергетик» бо «Истиқлол» ва дастаи «Вахш» бо тими «Равшан» миёни ҳам рақобат мекунанд. Бино ба иттилои ФФТ, айни ҳол дар ҷадвали мусобиқот, тими “Равшан”-и Кӯлоб бо 86 имтиёз аз 37 бозӣ дар ҷои аввал аст. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 77 имтиёз аз 33 бозӣ дар мақоми дуюм қарор дорад. Тими “Истиқлол”-и Душанбе, ки ҳамагӣ 28 бозӣ кардааст, бо 72 имтиёз дар зинаи сеюми ҷадвали мусобиқот аст.Нишонзанҳои беҳтарин: Фозил Сатторов аз тими «Равшан» бо 20 тӯб дар ҷои аввал буда, Комил Саидов аз дастаи ССКА «Помир» ва Габриэл Донто аз «Энергетик» бо 19 голӣ зинаи дуюмро касб кардаанд. Юсуф Рабиев аз дастаи «Истиқлол» бо  18 тӯб дар мақоми сеюм қарор дорад.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои баргузории бозиҳои мавқуфмондаи мусобиқот баъд аз 1-уми  декабри соли равон муайян хоҳад шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!