Зайончковская: Бисёр муҳим аст, ки тоҷиконро натарсонем...
Рӯзномаи лаҳистонии “Rzeczpospolita” навиштааст, баъди 30 сол чиниҳо метавонанд дуввумин халқияти Русия бошанд ва он гоҳ ин кишвар аз муҳоҷирони тоҷик ва узбак бо дилтангӣ ёд мекунанд.
Жанна Зайончковская, пажуҳишгари умури муҳоҷирати Русия ба ин нашрия гуфтааст, теъдоди бекорон дар Чин нисбат ба Русия бештар аст ва агар муносибати ду кишвар ҳамингуна устувор идома ёбад, то соли 2050 муҳоҷирони кории Чин дар қиёс бо муҳоҷирони Осиёи Марказӣ бештар хоҳанд шуд.
Хонум Зайончковская далели чунин равандро бо такя ба таҳқиқоти академияи улуми Русия на ворид шудани теъдоди бештари шаҳрвандони Чин ба Русия, балки кам шудани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ баъди соли 2030 гуфтааст. “Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ва Узбакистон таъминкунандаи асосии муҳоҷир мебошанд. Қисмати дигар ҳам аз Украина ворид мешаванд. Русия бояд ба хотири тавсеаи хуб шаҳрвандони кишварҳои дигарро ҷалб кунад ва дар ин замина ба ҷуз Чин гузинаи муносибтаре надорад”,-афзудааст ӯ.
Ин пажуҳишгари рус таъкид кардааст, нуфуси кишварҳои Осиёи Марказӣ пойдор нест: “Мизони таваллуди ин кишварҳо ҳам дар ҳоли коҳиш ёфтан аст. Баъдан мо онҳоро бо чунин ҷумла ёд хоҳем кард: “Онҳо худӣ буданд”. Мисле, ки ҳоло украиниҳоро ёд мекунем”.
Зайончковская бо изҳори нигаронӣ аз муноқиша ва кушта шудани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ аз сӯи миллатгароҳои рус гуфтааст: “Бисёр муҳим аст, ки тоҷикон ва узбакҳоро натарсонем. Барои он ки дар паҳнои ИДМ амалан бозори нерӯи кори арзон намондааст”.
Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти маблағ ба Русия мардикорӣ мераванд. Бино ба оморҳои ғайрирасмӣ теъдоди онҳо марзи миллион нафарро кайҳо убур кардааст. Аммо дар як соли ахир дар пайи тағйир ёфтани кавонини муҳоҷират дар Русия ва буҳрони молӣ қисми қобили мулоҳизае аз муҳоҷирони тоҷик ба Ватан баргаштанд ва як бахши дигар аз сӯи мақомоти Русия депорт шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |