Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:59

Шӯрообод: Афғонҳо асп медузданд

21 май 2011, 05:45

Як нафар  аз сокинони рустои Пистамазори ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шуроободро, бо исми Мирзо, қочоқчиёни афғон гаравгон гирифтаанд.

Аммо дар шӯъбаи корҳои дохила ин хабарро тасдиқ ва инкор накарданд. Зимнан, дар қисми ҳарбии сарҳадотӣ низ дар ин маврид иттилои саҳеҳ пайдо нагардид.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои сокинони рустои Деҳи Қозӣ ва Оби Тираи ҳамин ҷамоат, даҳаи дуюми ҳамин моҳ афғонҳо 2-сар аспи сокинони ин русторо дуздида, ба он тарафи рӯди Панҷ бурдаанд. Тафтишоти пешакии дуздии аспон аз ҷониби кормандони шӯъбачаи корҳои дохилаи ҷамоати Саричашма идома дорад. Ба иттилои расида, кормандони милиса дар дуздии аспон мардуми бумиро айбдор медонанд.

Бояд гуфт, ки рустои Оби Тира ва Деҳи Қозии ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан наздики 10-километр аз хати сарҳад ҷойгир буда, марзшиканӣ аз ҷониби афғонҳо дар ин мавзеъ мунтазам ба назар мерасад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!