Бахшҳо

Шикояти модари як ҳунарманди наврас аз раҳбарияти Сирки давлатӣ (АКСУ ВИДЕО)

Шаҳло Насриддинова, модари як ҳунарманди 14-солаи “Сирки давлатии Тоҷикистон” мегӯяд, раҳбарияти сирк духтари ӯ ва нуҳ тани дигарро иҷозаи ҳунарнамоӣ дар саҳнаро намедиҳанд.

Хонум Насриддинова ба дафтари “Озодагон” омад ва гуфт, духтараш (хоҳиш шуд, то номаш бурда нашавад) ва ҳамсабақони ӯ ҳунарманди касбӣ шудаанд: “Дар Сирк ҳамин хел қоида аст, ки ду сол дар студия таълим мегиранд ва баъд ба саҳна мебароянд. Духтари ман соли 2012 ба студия омада, соли 2014 онро хатм намуд ва диплом гирифт. Диплом маънии онро дорад, ки соҳиби он метавонад дар саҳна баромад кунад”.

Ӯ мегӯяд, духтараш ихтисоси “Эквибилирист- дорбоз”-ро дорад ва ба ғайр аз таҳсил дар Тоҷикистон дар Чин ҳам давраи омӯзишии 9- моҳаро гузаштааст: “Духтарчаи ман ҳамроҳи 9 нафари дигар аз ҷониби ҳукумат ва Вазорати фарҳанг барои сайқал додани маҳорат аз 26 ноябри соли 2015 то 19 июли 2016 ба Хитой рафта буданд ва аз онҷо низ диплом дорад. Қаблан дар назди Президент баромад карда буд ва раҳбари давлат низ дар ҳама вохӯриҳояш мегӯяд, наврасону кӯдакони болаёқатро дастгирӣ намоед, аммо директори Сирк ин ҳамаро ба назар намегирад”.

Вай афзуд, ҳарчанд духтараш баъди гирифтани диплом наздики ду сол дар саҳна баромад кард, аммо раиси Сирк иддао дорад, ки дипломҳои қаблан гирифтааи онҳо қалбакӣ мебошад ва бояд дубора курси таълимиро гузаранд: “Ман намедонам раҳбари Сирк бо кадом далел ин гапҳоро мезанад, дар ҳоле ки дипломҳоро раҳбарияти пешин ва намояндагони Вазорати фарҳанг супорида буданд”.



Ба гуфтаи Шаҳло Насриддинова сабаби роҳ надодани духтараш ба саҳна шикоятҳои ӯ ба мақомот аз раҳбарияти Сирк мебошад: “Нахустин шикояти ман аз он сар шуд, ки ҳамроҳи кӯдакони мо ба Чин нафареро фиристода буданд ки май менушид ва нисбати фарзандони мо дағалона рафтор карда, пулҳояшонро кашида мегирифтааст. Дар пайи тафтиши Сафорати Тоҷикистон дар Хитой ин исбот шуд ва бояд роҳбаладро бозхонд мекарданд, аммо накарданд. Дар бораи рафтору муносибати бади вай бо кӯдакони мо як роҳбалади дигар аз Ёқутистон низ ба “Сирки давлатии Тоҷикистон” занг зада гуфтааст, омада роҳбалади кӯдаконашонро гиранд, ки доим менушад ва бо кудакон муносибати дағалона дорад”.

Шаҳло иддао дорад, ки бо вуҷуди дастгирии раҳбарияти Сирк аз он роҳбалад, дар пайи шикоятҳои пай дар пайи ӯ, вайро аз кор озод карданд. “Ӯро аз Хитой бозхонд накарданд. Омад ва дубора ҷойи кор доданд, аммо қарори суд баромад, ки аз кор бо модда озод карда шавад. Раҳбари Сирк бошад ӯро бо хоҳиши худаш аз кор озод кард. Баъди даъвои дубораи ман бо модда аз кор ронд”,-илова намуд вай.

Ба гуфтаи Шаҳло, чизи дигаре, ки шояд раҳбарияти Сиркро сахт нигарон кард, шикояти ӯ дар пайи напардохтани маоши фарзандаш ва ҳамсабақонаш аст: “Фарзандони мо вақте дар Хитой буданд, маошашонро надода, гуфтанд, онҳо дар сафар ҳастанд ва маошашон қатъ гаштааст. Вақте ба Вазорати фарҳанг муроҷиат кардем гуфтанд, ки ҳаққи боздоштани маошро надоранд ва ба раҳбарияти Сирк гуфтанд, мушкилро ҳал кунад. Аммо роҳбари Сирк дубора гуфт, ки Палатаи ҳисоб суратҳисобро бастааст”.

Хонум Насриддинова афзуд, дар пайи муроҷиаташ Палатаи ҳисоб сухани раиси Сиркро рад карда, санҷиш мегузаронанд: “Намояндагони Палатаи ҳисоб тули 2 ҳафта дар Сирк санҷиш гузаронида, муайян карданд, ки 26 ҳазор сомонӣ музди маоши фарзандони моро гирифта, ба фоидаи худашон сарф кардаанд, ки баъдан баргардониданд”.

Насриддинова мегӯяд, чун Вазорати фарҳанг ва мақомоти марбута дар пайи ин ҳолатҳо чорае наандешиданд, аз раҳбари Сирки давлатӣ ба додситонӣ шикоят бурд: “Ман дар аризаи худ навиштам, ки чаро маблағи фарзандони моро ба фоидаи худ сарф кардаву моро саргардон кард ва то Палатаи ҳисоб насанҷид, барнагардонд?”.

Дар ҳамин ҳол, Ашӯр Раҷаб, раиси Муассисаи давлатии “Сирки давлатии Тоҷикистон” ба “Озодагон” гуфт, сирки давлатӣ ҷонибдори ҳунамандони асил аст ва дари он барои афроди боистеъдод ҳамеша боз аст. Ба қавли ӯ, наврасоне, ки дар бораи онҳо сухан меравад, ҳарчанд курси омӯзиширо гузаштаанд, “аммо маънои онро надорад, ки ҳунарманд шудаанд. Онҳо ба омӯзиши бештаре ниёз доранд, то дар саҳна баромад намоянд. Ҳанӯз собиқаи корӣ надоранд ва ба онҳо ҳунарманди дараҷаи 3 додаанд, ки ин зинаро қаблан бо талошу заҳматҳои зиёд баъди фаъолиятҳои пурмаҳсул давоми чанд сол ба даст меоварданд”.

Ба иттилои манбаъ, ҳунармандонро барои баромад дар “манеж” ҳайати эҷодӣ иҷозат медиҳад ва қобилияту истеъдоди онҳоро месанҷад: “Мо низ ҷонибдори ба саҳна баромадани кадрҳои ҷавон ҳастем ва ҳамин ки омода шуданд, ба саҳна роҳ медиҳем, зеро саҳнаи сирк ҷойи хатарнок аст ва бе омодагиву омӯзиши пухта намешавад баромад кард”.

Ҷаноби Раҷаб дар мавриди таъхир дар пардохти музди меҳнат гуфт, “маош дар суратҳисоб истода буд, ман ба чандин ҷо низ мактуб кардам, ки маоши ҳаминҳоро диҳем ё на ва дар охир бо иҷозаи Палатаи ҳисоб мо маошашонро додем, маош ягонҷо сарф нашуда, дар суратҳисоб буд”.

Иддаое, ки Шаҳло Насриддинова рад карда мегӯяд, музди меҳнати фарзанди ӯ ва ҳамсабақони дигараш танҳо баъди муроҷиатҳои пай дар пай ба чанд мақомот пардохт гардид.


ИН АКСҲОРО ХОНУМ НАСРИДДИНОВА БА "ОЗОДАГОН" ОВАРД. ДАР ОН ЛАҲЗАҲОЕ АЗ ТАҚДИМИ ДИПЛОМ ВА ҲУНАРНАМОИИ ДУХТАРИ Ӯ ВА ҲАМСАБАҚОНАШ ДАР САҲНА ДИДА МЕШАВАНД

Шикояти модари як ҳунарманди наврас аз раҳбарияти Сирки давлатӣ (АКСУ ВИДЕО)

Шикояти модари як ҳунарманди наврас аз раҳбарияти Сирки давлатӣ (АКСУ ВИДЕО)

Шикояти модари як ҳунарманди наврас аз раҳбарияти Сирки давлатӣ (АКСУ ВИДЕО)

Шикояти модари як ҳунарманди наврас аз раҳбарияти Сирки давлатӣ (АКСУ ВИДЕО)
Мӯҳр
а
Ин духтарро аз барои модараш шуда ба кор нагирифтаанд. Модар бояд умуман ба корхои духтараш дахолат накунад. Духтар хам лабу дахон дорад, бояд худаш хаккашро талаб кунад.

Фюрер
ай хами сиркам махинатса карда сум кор мекнен... Е Худо ин чи шурест ки дар даври камар мебинам. ....

э воеее, мо хеч аз бахиливу нотавонбини намондем да... Ашур Рачаб кадри чавон, ботачриба, ТОЧИК ва мутахассиси соха аст. Холисона бахо дихед, баъди омадани ин бача сатхи сирки мо боло рафт.Бе мухобот! Мо бояд "ду"-ро бо гавхар баробар кунем....

Цирк
Агар вокеатро гуем, хамин Директор аз руи фелу одобаш умуман ончо намешавад -

именно одоби рохбари сирк бехтарин одоб аст! Бачаи хоксор аст ва идеяхои хуб дорад барои рушди созаи мазкур. И бачара ба фикрам боз ташкилкунон аз кор бе кор карданиян.

Бамсы
Кадри чавон ояндаи давлат аст, бояд вазорати фарханг дастгири кунанд чавононро. Диплом дошта бошанд бояд кор кунанд, Администрация он корхонаро бояд алиш кунанд. соли 2016 ягон баромаде дар сирк надидем, солхои порина бо кудакомон факат сирк мерафтем, аммо имсол сирк ягон баромад надошт, кучо шид сирки мо.

Хами ашуро ягонташ одами хуб намеромадай. Пешниход мекунам,ки хами номи Ашур мамнуъ эълон карда шавад.

Ашури шакаровхур ))

ин модар хуб кардайки аз пушти духтараш баромад кадай. Тули чанд сол мешавад ки дар Точикистон пардохти маош ба воситаи кортхои пластики мебошад. чаноби Ашур Рачаб кадом суратхисобро дар Назар дорад мункин суратхисоби шахсии Х удаш агар хар як рохбари нав (ДИПЛОМ ШАХОДАТНОМА ИФТИХОРНОМА ИЧОЗАТНОМА) -И Рохбархои пешинаро бекор кунан ин дар кучо тугури мерина аз вазорати фарханг хохиш мекунем ки килро аз хамир чудо кунан.

Абвг
Офарин!!! Хамин модар борин волидайнхо бисёр шавад, Точикистонамон обод мешавад!!! Ин модар дар хакикат модарора МОДАРАШ будаст. Афсус, ин борин модархо кам вучуд доранд. Модар бояд фарзандашро аз дасти директори сирк борин одамон халос кунад. Ман хамитари модаронро хурмат ва эхтиром мекунам!!! Офарин ба сабру-токаташ!!!

нотавонбинон хамеша чунинанд, пешрави ва муваффакияти дигаронро дида наметавонанд. агар шумо бо ном "Бамсы" баромади сирки моро надида бошед, пас кур будаед. Аз тамошобинони Чину, Мисру давлатхои дигари хоричи кишвар пурсед, онхо ба шумо рочеъ ба махорату касбияти сирки точик бигуянд. Зеро то чое медонам худи хамин сол сирки точик сафархои хунари дошт.

ё тавба, чи ин кадар а пушти якта кудак голу магол бардоштид? О, рохбар шудан пас, одам коргашара таъриф мекунад, танкид мекунад, мучозод медихад. Набошад чизеба рохбар мондаги вая??? Хамон духтарча чи кадар хизмат кадаги барои фарханги Точикистон? Умраш а пеш, якта санчида бенед чи, чанка хунараш хаст хамон хохарчаро? Месазад, ки пустина а пушти .... алоб занем??? Озодагон, назари мана монид!

Хамин сухане,ки мегуяд: "холо тачриба надорад,камтар тачриба гирад баъд дар сахна ичозат медихем". О ин духтар намешавад, ки масалан дар бозор савдогари карда тачриба гирифта баъд ояд. Кадри чавонро вакте диди истеъдодша, дипломша бигзор дар сахна бо усулхои осонтараш дар аввал фаъолият барад баъд он тарафаш хуб мешавад. Ин як фиреб аст мафхуми тачриба надорад.

ватан
модари азиз фарзандат диплом дораду хунар не, ба мисли ронандагоне ки права доранду правилара намедонанд. камеаз болои худаш кор кунад, ояндаш нагз меша.баромад дар сирк кори осон не, кафолати фарзанди кучаки туро ки медихад Рохбари сирк хам рафтораша нодуруст бахо натен кушиши ободиву бехбудида будааст Дар хорича буд маош медодан тафтишотчие одами набудагида маош доден гуфта гарангаш мекарданд.Инча кори дасти бадхохони дохили сирк хаст ки дар давраи рохбари пештара корхои гайриконуни бисер мекарданд имруз пеши рохи харомхуриашон гирифта шудааст Ба рохбари сирк тавсия хамин муносибати хуб ба хунармандоне ки дар хакикат мехнат мекунанд кардан лозим харомхуроша аз кор пеш кун Гами шатоху аризанависора нахур Ба рохбари сирк барору бурдбори хохонам,У хохарчара нагз имтихон гирифта баъд сахнада рох тиен

Азиз
Хахахахахх а,
а,
а,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)