Бахшҳо
04 ноя 2016 12:11Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ / Акс

АКС: Тундбод дар Кӯлоб парчамро дарида, тахтасангҳоро шикастааст

Тундбоди шаби гузашта матои парчами давлатиро дар шаҳри Кӯлоб, пояи баландияш 52,5 метр аст, даронда, бархе тахтасангҳои сутунҳои назди парчамро шикастааст. Хабарнигори “Озодагон” мегӯяд, субҳ чанде аз тамизкорони шаҳр ба тоза кардани шикастапораҳо машғул буданд.

Маҷмааи Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон 5 октябр бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ ёфта буд. Он замон дафтари матбуоти раисиҷумҳур хабар дод, нишони давлатӣ дар пояи баландияш 27,7 метр насб шуда, аз ин андоза 5 метр таҳкурсии мармарпӯш мебошад: “Фармоишгар ва маблағгузори иншоот Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб мебошад. Пояи асосӣ ва таҳкурсию сутунҳои даромадгоҳи майдони Нишони давлатӣ аз ҷониби ҶДММ "Фаридун" сохта шудааст”.

Ба иттилои манбаъ, пояи парчам бошад, 52,5 метр буда, бо фармоиш ва маблағгузории ҶСК "Ориёнбонк" бунёд гардид: “Он аз матоъи андозаи 14 ба 7 метр омода ва дар пояи аз металли махсус сохташуда насб гардидааст”.

Дафтари матбуоти Президент гуфта буд, пояи асосии парчам дар назди панҷ сутуни мармарини бузург ҷойгир аст, ки шакли меъмории қадимиро таҷассум менамоянд: “Таҳкурсии пояи Парчами миллӣ низ рӯйпуш бо мармар буда 2 метр баландӣ дорад ва дар шакли ду чоркунҷаи руйи ҳам бунёд шудааст. Аз ду канори даромадгоҳи асосии майдони Парчами давлатӣ бо намои санъати волои меъморӣ ду муҷассамаи шерони болдор қомат афрохтааст, ки рамзи шоҳони Хатлонзаминро таҷассум менамоянд. Баландии муҷассамаҳои шерони болдор бо таҳсутунҳо 3 метрро ташкил медиҳанд. Муҷассамаҳои шерони болдор аз ҷониби Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва Аъзои иттифоқи рассомон Шамсиддин Одинамадов эҷод ва бо маҳорати хоса оро дода шудааст”.

Он замон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои сохтмонии он изҳори қаноатмандӣ намуда, масъулинро барои пайваста дар ҳолати ободу зебо нигоҳ доштани ин макони тозабунёд вазифадор намуда буд.


АКС: Тундбод дар Кӯлоб парчамро дарида, тахтасангҳоро шикастааст

АКС: Тундбод дар Кӯлоб парчамро дарида, тахтасангҳоро шикастааст

АКС: Тундбод дар Кӯлоб парчамро дарида, тахтасангҳоро шикастааст


Аксҳо аз маросими ифтитоҳи Маҷмааи Парчам ва Нишон бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

АКС: Тундбод дар Кӯлоб парчамро дарида, тахтасангҳоро шикастааст

АКС: Тундбод дар Кӯлоб парчамро дарида, тахтасангҳоро шикастааст

АКС: Тундбод дар Кӯлоб парчамро дарида, тахтасангҳоро шикастааст

АКС: Тундбод дар Кӯлоб парчамро дарида, тахтасангҳоро шикастааст
Мӯҳр
Командони боги парчами Кулоб навкоранд оста оста соз мешаванд. Дар хаминхел рузхои шамолу борони сахт парчами Душанберо поён мефароранд ва баде ки боду хаво муътадил шуд боз баланд мекунанд.

Зафар! Холи хам аз рафтани Президент ба Кулобшахр хасад туро месузонад. Ту шахси баду бадхох будаи! Мугуянд: Эй дуст бар чанозаи душман чу бигзари, Шоди макун, ки бар ту хам ин мочаро равад.

Флеш
Зафар,
Марам тарафдори хдт, бехтарин сухана гуфти
Зафар,

Касоне аз "дустон"е мисли Зафар ба фикрам аз хасуди, ки Президент ба Кулоб рафтааст, тахтасангхоро шикастасту тундбод "гунахгор". Пешгуии обу хаво ба онхо кумак карду кори сиёхашонро карданд.

шахрванд
Ба бедор кардани хиси милли норасида даридку и парчам..окибати хатулкори хамин -дия.

Аз хамин парчамхои баланд чи манфиатаст?

Домулло Зиё
Хуб шуд!!!
Чи фоида аз хамин харочотхои зиёдати???

АБАЧА ГУМШ К АМУРА ХШРУ СОЗ НАМЕНЕН КИ ШАМОЛ НАКАНАШ

cafar
окибати балансифатии кори устохо.
Ё бетегдирии рохбари Кулов?

ноком
Хар чиз бояд бо хохиш ва ризогии бисери сохта шавад ,вактеки 90-фисади ин шахр камбизоатаст ,дарду охи ин халк парчам не дунёро тагир медихад.......

Зафар, садкаи номи Зафар шави ин номро номдорони точик баробари Точикистон номбардори карданд. Ту боши хуб шидай мегуи пагох хонаи ту вайрон шавад дигаро хам хуб шидай гуянд. Точикистон аз хар фард, оила, хона, махалла, деха, чамоат, шахрак, нохия, шахр ва вилоят бунёд меёбад. Чи тавр метавон инро фаромуш намуд. Кулоб шахри Точикистон аст ободии он ободии гущае аз кишвар аст. Холати фавкулодда мешавад, камбудихо мешаванд вале аз моянд ва ислохшаванда.

zafar
Аломати хушсифатии кори усстохо, ё кушиши раиси Кулоб дар мусобикаи писанд омадан ба чаноби оли.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)