Бахшҳо

Дугоники Трамп дар бораи Тоҷикистон: Чӣ? Инро ҳатто талаффуз карда наметавонам (ВИДЕО)

Ҷон Доменико, тақлидкори маъруф дар симои Доналд Трамп ба ҳайси номзад ба мақоми раисиҷумҳури Амрико дар кӯчаҳои Ню Йорк бо роҳгузарон суҳбат анҷом додааст.

Доменикоро дар симои Доналд Трамп хабарнигорони шабакаи маъруфи АВС ҳамроҳӣ мекарданд ва тибқи навори “АВС” Трамп аз ҳоли сокинони Ню-Йорк ва аз куҷо омаданашон суол мекард. Трампи тақаллубӣ ба ҷавондухтаре, ки гуфт аз Испания аст, изҳор дошт, Испанияро дӯст медорад. Ба ҷавононе, ки гуфтанд аз Венесуела ҳастанд, изҳор дошт, ки ин кишварро низ дӯст медорад, зеро нафташ бисёр аст.

Тибқи навори “АВС” Доналд Трампи тақаллубӣ дар хиёбони Ню-Йорк аз ҷавони роҳгузоре суол мекунад, ки аз куҷоӣ? Ҷавон посух медиҳад, ки аз Тоҷикистон. Аз куҷо-такроран мепурсад Трампи тақаллубӣ ва дар посух боз Тоҷикистон мешунавад. Аммо ин бор ҳам нафаҳмид ва изҳор дошт, ки “ман ҳатто инро талаффуз карда наметавонам. Тасаввурот надорам, ки ин дар куҷост”.

Навори сайри Трампи тақаллубӣ дар кӯчаҳои Ню-Йорк давоми чанд рӯзи нашраш дар интернет садҳо ҳазор тамошобин гирифтааст.


Мӯҳр
Фиристода
Ин савол ба Сафири Тоҷикистон дар Амрико низ дахл дорад. Вазифаи аввали Сафорат шиноси мамлакаташ ба кишвари иқомат аст.

YES
Навори бисер хам ачоиб! Дар ҳақиқат рост аст, ки дар бисер давлатҳои хориҷ (ба ғайр аз давлатҳои собиқ шуравӣ) аксари шаҳрвандони онҷо оид ба кишвари мо маълумоте надоранд. Шояд сабабаш аз кучак будани давлати мо ё ин, ки ягон дастовардҳое дар сатҳи ҷаҳонӣ надорад он бошад. Бисер мехостам ҳамкориҳои Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон зиёд гардад, тараққиёти илму техника, технологияи муосир дар Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ равнақ ёбад. Ин омилҳо метавонад номи Точикистони моро маъруф кунад. Афсус имрӯз ба ҷавонони мо назар мекуни аксари онҳо аз паси молу пул ҳастанд, қисми дигаре аз нодонӣ ба сиёсат ҳамроҳ мегарданд. Хуб мешуд агар ҳама аз паси омухтани илм мешуд, аз паси ихтирои ягон навгонӣ мешуд он гоҳ ояндаи Точикистон дурахшон мешуд.

ЧО МЕНА САФИРИ ТОЧИКИСТОН ДАР ИМА КИ ТОЧИКИСТОНРО МУАРРИФИ КУНАД МЕЗАНА ШИРАВУ ШАРБАТА МЕГАРДА

nabi farhor
Давлатро асосан дар чахон аз номии варзиш мешиносанд.Бигзор варзишгаронро дастгири кардан даркор,то парчам бардори давлати Точикон бошанд.

Кутбидин
Надонистанашон бех аз донистанашон. Дар давлатхои собик шурави моро хеле хуб мешиносанд. Вале, афсус, дар ончо шарм медорем гуфтан ки точик мебошем.

я одам
аз қафои ришу салаву калаву либос гаштан гиред дар ҷаҳон машҳур мешавем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)