Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:16

«Талоши зиндагӣ»: Аз танҳоӣ то бозгашт ба саҳнаи Субҳони Саид

29 ноябр 2011, 09:33

Рӯзи 3-юми декабр дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон консерти овозхони маъруф Субҳони Сайид баргузор мегардад.


Мубтакирони ин чорабинӣ Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии сафорати ИМА маҳсуб мегарданд. Хуршеди Атовулло, райиси МТЖ мегӯяд, пас аз чанд соли тарки саҳна кардани Субҳон чанде аз дӯстон кӯшиш кардем, ӯро дубора ба саҳна баргардонем, аммо натиҷаи дилхоҳ ба даст намеомад: «Гоҳе маризии сароянда монеъи роҳ мешуду бори дигар мушкилоти моддӣ».

- Ин дафъа бо бародарамон Фурқати Сайид тасмим гирифтем ва ба назди Субҳон рафтем, хушбахтона бахтамон омад кард, овозхон бо камоли майл розӣ шуд, ки бо як барномаи нав ба саҳна баргардад,- мегӯяд Хуршеди Атовулло.

Маврид ба ёдоварист, Субҳони Саид аз ҷумлаи он овозхонҳоест, ки ниёз ба муаррифӣ надорад. Дар охири даҳаи 80-ум ва аввали солҳои 90-и асри бо садои дилчаспу лаҳни зебо месуруду ба дилҳо роҳ меёфт. Таронаҳои зиёди ӯ миёни ҳаводоронаш ҷонибдорӣ пайдо карда, ҳоло ҳам маҳбубият доранд. Субҳони Саид солҳои охир бо иллати маризӣ аз саҳна канор рафта, дар пардаи телевизион ва чорабиниҳои мухталиф намоён намешуд.

Бори дигар ёдрас менамоем, ки консерти Субҳони Саид рӯзи 3-юми декабр, соати 13-00 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон сурат мепазирад, марҳамат ба базми дилошӯб!



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!