Бахшҳо

Кӯлоб: Мактаби "куҳна" дар асри нав (АКС+ВИДЕО)

Сокинони рустои Танёли ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб 30 сол мешавад, ки дар интизори мактаби нав ҳастанд. Мактаби мавҷуд дар ошёнаи аввали манзили шахсии як сокини деҳа ҷойгир аст.

Ин муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, филилиали мактаби 17-и деҳаи Гулизор мебошад, ки ҳоли чандон хубе надорад. Нурҷон Қосимова, ки собиқаи 16-солаи омӯзгорӣ дар ин мактабро дорад, ба “Озодагон” гуфт, рӯзҳои абрӣ маҷбуранд зери рӯшноии шамъу чароғҳои равшанидиҳанда (фонарик) ба хонандаҳо дарс гӯянд: “Вақте хонандаҳо дарс меоянд, аллакай барқ хомӯш мешавад. Субҳ аз соати 5 то 8 барқ дода мешавад. Рӯзҳои абрӣ синфхонаҳо тамоман торик ҳастанд ва имкони дарс гузаштан нест, ба ҳамин хотир шамъ ё “фонарик” рӯшан карда, машғулият мегузаронем".

Дар ин муассисаи таълимӣ 6 муаллим ба 85 хонанда таълим медиҳанд. Омӯзгорон мегӯянд, мактаб 30 сол аст, ки дар бинои истиқоматӣ фаъолият дорад. Дар ошёнаи дуюми бино соҳибхона зиндагӣ мекунад. “Шогирдон майдончаи варзишӣ надоранд, аз ин рӯ дарсҳои тарбияи ҷисмониро дар дохили синфхона мегузаронем”,-изҳор дошт як омӯзгор.

Ба гуфтаи ӯ, дархостҳои омӯзгорону сокинони деҳа ба Ҳукумати шаҳр ва вилоят барои бунёди мактаб бенатиҷа мондаанд: “Дар оморҳои додаи бахши маорифи шаҳр ва минтақа оварда шудааст, ки дар шаҳри Кӯлоб мактабҳо пурра аз таъмир ва аз хонаҳои истиқоматӣ бароварда шудаанд. Ҳатто соли 2014 дар рӯзномаи “Омӯзгор” матлабе чоп шуд ки сохтмони мактаб шурӯъ шуд, дар ҳоле ки ягон хел сохтмонро то ҳол шурӯъ накардаанд”.



Дар ҳамин ҳол аз бахши марофи шаҳри Кӯлоб ба “Озодагон” гуфтанд, қитъаи замин барои сохтмони мактаб ҷудо шуда, аммо ҳанӯз маблағ ворид нашудааст: “Маблағи умумӣ барои сохтмон 500 ҳазор сомонӣ муайян шудааст”.

Деҳаи Танёл аз маркази шаҳри Кӯлоб дар масофаи 28 км ҷойгир аст. Бозорхон Расулов, раиси деҳа мегӯяд, барои сохтмони мактаб даҳҳо маротиба ба масъулини дахлдор муроҷиат намуда, вале ҷавоби мушаххас нагирифтаанд: “Мо 40 сол оби ошомиданӣ надоштем, баъди муроҷиатҳои зиёд бо дастгирии ташкилотҳои ҳориҷӣ ҳамин сол ба мардум оби ошомиданӣ овардем. Аммо мушкили мактаб то ҳол ҳалли худро наёфтааст”.

Хонандаҳои ин филиал то синфи чор дарс омӯхта, барои идомаи таҳсил ба мактаби рақами 17-и деҳаи Гулизор мераванд. Ба гуфтаи сокинон, масофа то рустои Гулизор 3 километрро ташкил медиҳад, ки барои хонандаҳо ҳар рӯз дарс рафтан душвор аст.


Кӯлоб: Мактаби "куҳна" дар асри нав (АКС+ВИДЕО)
Мӯҳр
ИНШАЛЛО БОЙШАМ МАКТАБ СОЗМЕКНМ .ДИЛАМ БАРОИ МИЛЛАТАМ МЕСУЗАД .ДАВЛАТ ДОРОН АҲМИЯТ БТЕН ХАЛҚИ КАМБАҒАЛРО

Дар замонӣ технология ва техникаи мутарақӣ ва асри электроника ва парвози башарият ба Кайҳон чӣ ҷои нанг аст, ки як мамлакате, ки ҷор аз демокросӣ ва рушду нумуъ мезанад ва худро қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ мешисобад, ингуна макон ва махсус таълимгоҳе мисли Мактаби куҳнаи Айнӣ мавҷуд бошаду ношармида ҳукумат онро нодида гирифта бошад. Айб ва нанговар аст ба ҳар як ашхосе, ки рӯи мизи мақоме ва ë вазифае нишастааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)