Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон: Ба мавсими обхезиҳо ва пешгирии офатҳои табиӣ омода шавед

Дар Душанбе баъд аз зӯҳри дирӯз ҷаласаи навбатии ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон сурат пазируфт.

 


Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур дар нишаст нақшаи кори ҳукумати кишвар дар имсолаи якуми соли 2012 тасдиқ гардида, ҳисоботи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд доир ба тадбирҳои беҳсозии вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ шунида шуд. Тавре зикр гардид, дар соли 2010 ва 7 моҳи соли 2011 бо харҷи қариб 1,5 миллион сомонӣ ҳолати мелиоративии 1615 гектар заминҳои обии кишоварзии ин ноҳия тавассути тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, паст намудани сатҳи обҳои зеризаминӣ ва дигар корҳои зарурӣ беҳ шудааст. Ҳамчунин раиси ноҳияи Шаҳринав доир ба рафти иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа дар давраи то соли 2015 ҳисобот дод.

Манбаъ афзуд, дар маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон як зумра барномаҳои нав, аз ҷумла Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020, Барномаи давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2012-2014, Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кўмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2012-2013, Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2012, Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2012-2013, Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016, қоидаҳои таъмин намудани маъюбон бо табобати санаторию курортӣ ва қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон тасдиқ карда шуд.Барномаи нави сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2012-2014 бо ҷалби беш аз 15 миллиард доллари амрикоӣ татбиқи зиёда аз 100 лоиҳаро дар назар дорад.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ин барнома ҷалби сармоягузорӣ ба навсозии роҳҳои мошингарди Хуҷанд-Исфара, Айнӣ-Панҷакент, Ҳамадонӣ-Фархор-Панҷ, Восеъ-Темурмалик, Кўлоб-Ховалинг, Дарғара-Темурмалик-Балҷувон-Ховалинг ва ҳамчунин бунёди мактабу шифохонаҳои нав ва дигар иншооти иҷтимоӣ ба назар гирифта шавад.

Дар поёни ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба сербориш омадани тирамоҳи соли равон ва пешгўиҳо доир  ба серборишии зимистону баҳори пешомад ба масъулини дахлдор дастур дод, ки аз ҳозир ба мавсими обхезиҳои соли оянда ва пешгирӣ аз оқибатҳои вазнини офатҳои табиӣ омодагии ҷиддӣ бинанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)