Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:44

Ибрози нигаронии Кислякова аз маҳсулоти бозорногири саноати дӯзандагии кишвар

30 ноябр 2011, 05:43

Лариса Кислякова, муовини раиси  Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон барои корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон зарур мешуморад, ки муносибаташонро ба намоишгоҳҳои минтақавию байналмилалӣ тағйир диҳанд.


Ба гуфтаи ин бону зарур аст, ки масъулин ба иштирок дар намоишгоҳҳо на ҳамчун хароҷоти зиёдатӣ, балки ҳамчун сармоягузорӣ муносибат кунанд, ки метавонад даромадашонро бамаротиб зиёд намояд: «Онҳо бояд раванд, маҳсулоташонро муаррифӣ кунанд, бозорро омӯзанд,  шарикони нав пайд созанд, то фаъолияташонро густариш диҳанд».

Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон  мӯътақид аст, ки дар ҳоле Тоҷикистон  кӯшиш дорад, вориди Созмони умумиҷаҳонии савдо гардад, корхонаҳои кишвар бояд аз ҳозир омодагӣ бинанду рақобатпазирии маҳсулоташонро баланд бардоранд. Ӯ маҳсулоти бархе аз корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистонро дар ҳоли ҳозир рақобатнопазир арзёбӣ кард. Дар баробари ин Кислякова таъкид кард, ки корхонаҳое низ мавҷуданд, ки имрӯз аллакай метавонанд, дар баробари ширкатҳои дигари Аврупою Осиё рақобат кунанд.

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дар 10 моҳи соли равон дар кишвар дар ҳаҷми 106 миллион сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ истеҳсол шудааст. Ҳамзамон масъулини вазорат таъкид мекунанд, ки ҳанӯз имкониятҳои зиёде дар Тоҷикистон барои коркарди пурраи пахта ва тайёр намудани маҳсулоти тайёрӣ дузандагӣ аз он истифода нашуда истодаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!