Қасди Олмон барои ихроҷи беш 12 ҳазор муҳоҷири афғон
Ҳукумати Олмон гуфтааст, вазъияти амниятӣ дар шаҳрҳои бузурги Афғонистон таъмин аст ва ба ин хотир дар назар аст 12 ҳазору 539 паноҳҷӯи афғон ба кишварашон баргарданд.
Вазорати умури дохилаи Олмон тахмин задааст, 5 дарсад аз 247 ҳазор муҳоҷири афғон, ки то охири сентябри 2016 ба Олмон расидаанд, бояд ин кишварро тарк кунанд. Бо вуҷуд, ҳукумати Олмон гуфтааст, идораи муҳоҷират ва паноҳандагӣ парвандаи ҳар паноҳҷӯро ба таври инфиродӣ мавриди баррасӣ қарор дода, мушаххас мекунад, ки ӯ дучори чӣ хатароте ҳаст ва баъдан дар бораи ихроҷи вай тасмим гирифта мешавад. Дар ҳамин ҳол, Ҳизби чапгарои Олмон хостори ихроҷ нашудани муҳоҷирони афғон шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |