Бахшҳо

Кӯлоб: Шикоят аз пулситониҳои табибон

Бархе сокинони шаҳру навоҳи Кӯлоб мегӯянд, бо вуҷуди пардохти маблағи муайяншуда, кормандони беморхонаҳо пули иловагӣ талаб мекунанд.

Дилафрӯз, як сокини 46-солаи ин минтақа ба “Озодагон” гуфт, ҳафтаи гузашта табибони таваллудхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб духтарашро ҷарроҳӣ намуда, аз онҳо 1500 сомонӣ талаб карданд: “Ба ғайр аз ин 250 сомонӣ ҳаққи нигоҳубин дар давоми ҳафта ситониданд. Бар илова ҳамарӯза барои фаррошон ва духтури навбатдор барои хӯроки яквақтааш пул талаб менамуданд”.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, бар асоси қарори 600-и Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, таваллуд, ҳатто агар тариқи ҷарроҳӣ сурат бигирад, ройгон аст.

Дар ҳамин ҳол, Зифнунбӣ Ёраҳмадова, сардухтури таваллудхонаи вилоятӣ дар Кӯлоб бо ин далел, ки тоза ба кор шурӯъ кардааст, нахост бо “Озодагон” суҳбат кунад. Ӯ танҳо афзуд, ҳоло дар ин бора “чизе гуфта наметавонад”.

Файзиддин Зарифӣ
, сокини дигари шаҳри Кӯлоб мегӯяд, бар асари як ҳодисаи нохуш дасти чапаш зарб хӯрд ва табибон гуфтаанд, бояд ҷарроҳӣ шавад. “Маблағи ҷарроҳиро 1300 сомонӣ гуфтанд. Ман гуфтам, ки камбизоат ҳастам ва ҳатто ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намудам, аммо барои ҷарроҳӣ розӣ нашуданд. Ман шароити супоридани ин маблағро надорам, дастам шабу рӯз дард мекунад. Намедонам барои табобат ба куҷо муроҷиат намоям?”,-суол мегузорад ӯ.

Аз Шӯъбаи раёсати тандурустии мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба “Озодагон” гуфтанд, дар минтақа 561 муассисаи тиббӣ мавҷуд буда, 54-тои он мувофиқи қарори 600 фаъолият менамоянд: “Давоми 10 моҳи соли равон 341941 сомонӣ ворид шуд. Ин маблағҳо ба фонди ҳар як муассиса ворид шуда, аз он 40 дарсад ба музди меҳнати кормандони худи муассиса, 5% ба Вазорати тандурустӣ, 5% ба буҷаи маҳаллӣ ва боқимонда барои таъмини таҷҳизоти зарурӣ ва доруворӣ тақсим мешавад. Шахсони камбизоат ва кӯдакони ятим, маъюбони гуруҳи 1, 2, шаҳрвандони бекор, ки расман дар шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд, ҳуқуқи ройгон табобат намуданро доранд”.

Тоҳир Мирзомадов аз ноҳияи Фархор мегӯяд, барои ҳамсараш, ки дар таваллудхонаи вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб бистарӣ буд, танҳо давоми 4 рӯз 1000 сомонӣ пардохт намуд, аммо дар чек 650 сомонӣ навиштанд: “350 сомонии дигарро номаълум, ки куҷо масраф карданд. Боз ҳар рӯз фаррош баъди тоза намудани ҳуҷраи бемор 10 сомонӣ талаб мекунад, барои шустушӯй бошад, аз беморон баъди ҳар ду рӯз 5 сомонӣ мегиранд”.

Ба гуфтаи корафтодаҳо ахиран ҳадя ё ба қавли мардум “чочала” ҳам дар таваллудхонаҳо як ҳукми маъмул шудааст. “Чочала” аз ҷониби бибӣ, бобо ё падари тифли навзод ба шахсе (дар бештари маврид дояҳои таваллудхона) дода мешавад, ки нахустин шуда, дар бораи таваллуд шудани кӯдак хабар мерасонад. Корафтодаҳо мегӯянд, маблағи ин расм то 30 сомониро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
Эххххххххххххх. Мисле, ки пулситонии духтурон як вокеа нодир бошад. Шумо сохаи тандурустии Душанберо хамту дида бароед бад мефахмед, ки духтурони Кулоба ставкааш вашее хичихай. Ин пулситонихо ана аз хамин Роддом сар мешад потом садик бади садик Мактаб бади он барои гирифтани замини се ба дуи кабристон хам пул меситонанд.

хома
Чочала чӣ? Севанчӣ гӯй!!!

Қарабой
Хомабой "дузди зӯр соҳиби гова мебандад"- мегӯянд", чочала лаҳҷавии тоҷикиясту севанчи шумо гуптагӣ узбакӣ.
Ина, духтуро дар шакли маданию фарҳангияш "ҳадяма те" мегӯянд. Рост истода мисли шери нар овозата набароварда месупори..

Чочала точики аст, аз калимаи чош додан аст, барои чи мо точикон мисли шумо узбаки гап занему севанчи, чиян, кани, неми гуем. Китоб хондан даркору забони адабии точикиро, ки бештар дар адабиёти класскии мо ва дар шакли лахча дар шеваи точикони асил боки мондаанд, хифз кардан лозим. Барои ин савод доштан лозим ва акли расо, на вохима.

Дарси коидаи забони модариро канор гузореду пули духтур ,хохари шафкат ва рубандаро бароварда бо ду дасти адаб пардозед инчо ба шуморо хонаи падаратон не .... Кампирхои пеш хамин кори момодоягро бе ягон гараз анчом медоданд касе парвои ин АКУЛАХОИ РОДОМ-ро надошт.. Кампири мефахмидаги ки намондааст хама ба доми акулахо давида давида мераванд.... РОхи дигар хам хаст ЗОИДАНРО бас кардан даркор АКУЛАХО мемиранд .....

Шахрванд
Бояд эхтиет кард чун ки дар маркази пайвандсози ба беморон СПИД гузарониданд ки ба ин чавоб мегуфтм бошад !

Ин пулситони факат дар шахри Кулоб будааст? Ё дигархо чуръат намекунанд гуянд, ки дар беморхонахои шахри Душанбе бе пул духтур саломата алек намегирад.Кудакхо хама касал зарпарвин нав камтар шуда буд, ки зукоми гулу сар шуд беморхонахо навбат, дорухонахо навбат хол он, ки як кадам пас дорухона хаст хамин кадар бисеранд хисобаш гум о ин миллатро чи бало задааст хама бемор ё дар ин чо хам таги коса нимкосае хаст?

гарени
пешних,од:беморхона нею ч,угихона гуед!

Кулоби
сохаи тандурусти пурра аз назорат баромадааст,дар хама беморхонахо аз беморон пул талаб мекунанд.

Бефоида
Мебахшен як намуд менолен. Вакте бурди сумма дар кассаи табобатхона супориди дар духтур сум нате. Вакте сум талаб кард ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИ ГУФТАНИ гап хастай. ВОХИМАТОН ДАР ОСМОН,. ЯКХЕЛ МЕГЕН ДУХТУРО СУМ МЕГИРАН ГУЁ 50000- 100000долар тона гирифтай духтур. Хаму 5-10 сомонда ягончонт кам намешава. Барои Вазифа сум метен чокадай барои САЛОМАТИ сум наметен? АВВАЛ МОШИ ДУХТУРУ МУАЛЛИМУ МИЛЕССАРО боло барен бад вохима кнен. Бечорохо ба 700сомон маош зинадги кадесан (8000рубл). Якхелт Россия мерен то 20000 рубл натантон кор намекнен. МАН СОХТМОНЧИ хастам.

Дар ягон ҷои луғати забони тоҷикӣ чочала оварда нашудааст.

АБРОР
Дар яке аз нохияи вилояти Хатлон дар вакти аз РОДДОМ баровардани фарзанди навтавалудлаш, ки бо рохи чарохи гирифта шуда буд духтурон аз падари фарзанд пул талаб мекунанд, аммо у пул надоштааст. Фарзандашро духтурон намедиханд, ин шахс ба холати ногувор афтода худашро фалах- дор мекашад.

Ислом
Чи ин кадар менолед, шукрона кунед, шукрона кунед ки пешво доред, шукронаи тенчи кунед, хулоса интихоби худи шумост хамин хел зиндагии арзанда.

Саида
Ба Ислом: Шукр мекунем! Хазорон маротиба шукр!!! Шукри Пешвоямон, шукри тинчию оромии кишвар! Ягон касро мачбур накардаанд, ки пора дихаду пора гирад. Ин амал аз покии инсони худи шахс вобаста аст. Ба ин на Пешво, балки худи мо гунахкорем. Хамон духтур ё фаррош хам мо барин хастанд. Ине тарзи зиндагиро худи мо барои худамон сохтаем. Чочала, севанчи, хадя ё чочикиро хам худи мо баровардаем, дар ягон конун нест. Аз мост, ки бар мост!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)