Бахшҳо

АКС: Оғози таҷдиди собиқ корхонаи Фирташ ва Саидов бо иштироки Президент

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 18-уми ноябр марҳилаи таҷдиди корхонаи истеҳсоли нуриҳои менералии “Азот”-ро расман оғоз бахшид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябр бо ширкати «Хэнан Чжун-Я гуруҳи холдингӣ»-и Чин Созишномаи сармоягузорӣ «Оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» ба имзо расонида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози таҷдиди корхона гуфт, ҳаҷми умумии сармоягузорие, ки барои амалӣ намудани лоиҳа ҷалб шудааст, қариб 2,9 миллиард сомонӣ-360 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва азнавсозии корхона дар муҳлати чор сол ба анҷом расонида мешавад: “Қобили зикр аст, ки дар сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳҳомии “Азот” ҳиссаи тарафҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин панҷоҳфоизӣ муқаррар шудааст”.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур марҳалаи якуми лоиҳа истеҳсоли 120 ҳазор тонна аммиаки сунъӣ ва 200 ҳазор тонна карбамид дар як сол буда, муҳлати амалишавии он якуним солро дар бар мегирад: “Марҳалаи дуюм иқтидори 300 ҳазор тонна аммиаки сунъӣ ва 500 ҳазор тонна карбамидро ташкил дода, дар давоми се сол ба анҷом расонида мешавад. Яъне баъди пурра ба фаъолият оғоз кардани корхона, илова ба таъмини пурраи талаботи кишвар ба нуриҳои азотӣ, имконияти содироти онҳо низ пайдо мешавад. Талаботи солонаи соҳаи кишоварзии кишвари мо ба нуриҳои азотӣ 350 ҳазор тонна мебошад”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ширкати чинӣ дастур дод, ки дар муҳлати як солу ду моҳ корҳои таҷдиду барқарорсозиро ба анҷом расонида, корхонаро моҳи феврали соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд: “Инчунин супориш дода шуд, ки дар рафти корҳо беш аз 95 фоизи коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шаванд”.

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» - собиқ Заводи нуриҳои азотии Вахш, нахустин корхонаи бузурги кимиёвии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 1967 бо ду хати технологии истеҳсоли аммиак ва карбамид бо иқтидори умумии 180 ҳазор тонна ба фаъолият оғоз карда буд. Дар коргоҳҳои он беш аз 1200 нафар кор мекард. Аммо корхона аз соли 2011 инҷониб аз фаъолият бозмонда буд.

Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон тобистони соли 2014, корхонаи «Тоҷиказот»-ро, ки 75 фоизи саҳмияҳояш ба Дмитрий Фирташ, 20 дарсадаш ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5 дарсадаш ба соҳибкори тоҷик Хайрулло Саидов, писари соҳибкори маҳкумшуда, Зайд Саидов тааллуқ дошт, ба фоидаи давлат мусодира намуд. “Тоҷиказот” ба гуфтаи масъулин тайи солҳои охир ба далели қатъи интиқоли газ аз Узбакистон ба мушкил рӯбарӯ шуда, аз фаъолият бозмонда буд.


АКС: Оғози таҷдиди собиқ корхонаи Фирташ ва Саидов бо иштироки Президент

АКС: Оғози таҷдиди собиқ корхонаи Фирташ ва Саидов бо иштироки Президент

АКС: Оғози таҷдиди собиқ корхонаи Фирташ ва Саидов бо иштироки Президент

АКС: Оғози таҷдиди собиқ корхонаи Фирташ ва Саидов бо иштироки Президент

АКС: Оғози таҷдиди собиқ корхонаи Фирташ ва Саидов бо иштироки Президент

АКС: Оғози таҷдиди собиқ корхонаи Фирташ ва Саидов бо иштироки Президент

АКС: Оғози таҷдиди собиқ корхонаи Фирташ ва Саидов бо иштироки Президент

АКС: Оғози таҷдиди собиқ корхонаи Фирташ ва Саидов бо иштироки Президент

АКС: Оғози таҷдиди собиқ корхонаи Фирташ ва Саидов бо иштироки Президент

АКС: Оғози таҷдиди собиқ корхонаи Фирташ ва Саидов бо иштироки Президент

АКС: Оғози таҷдиди собиқ корхонаи Фирташ ва Саидов бо иштироки Президент
Мӯҳр
Хуб аст. Ман пешниход мекунам,ки тамоми иншоотхои маишиву истирохати,дилхушиву,фарханги,касрсозиву парчамсозиву парксози манъ карда шавад то солхои 2020-2022. Хама маблаг барои бунёду азнавсозии корхонахо равона карда шавад. Ин ба манфиати хам халк аст хам давлат.
Кишвари факир эхтиёч ба инкадар сохтмонхои беманфиат надорад.

Кариб тамоми корхонаю конхои мо ним ба Хитой таълук дорад. Окибати ин чи мешавад Худо медонад. Дуюм ин ки акнун баъди истехсоли махсулотхои номбурда нархи онхо монополия шуда дар Точикистон нарх мехезад ва воридотро аз берун манъ мекунанд. Харчи дар Точикистон истехсол шавад нархашт мехезад. Себи хитои 50%-и себи моро ташкил мекард. Ангури точики дар дохил нархаш аз 20- сомони гузаштааст. Нархи ангури точики дар хоричи кишвар баръакс арзон аст. Ин чи адолати иктисоди аст. Озодагон навиштахои маро чоп намекунед, акалан инхоро худатон чоп кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)