Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 29 март 2017, 17:12

Боз як давлати аврупоӣ Фаластинро ба расмият шинохт

30 ноябр 2011, 06:27

Парлумони Исландия қаламрави худгардони Фаластинро ба унвони кишвари мустақили Фаластин ба расмият шинохт.


Ин парлумон, ки дорои 63 намоянда мебошад, бо 38 райи мувофиқ қатъномаеро дар ин бора ба тасвиб расонд ва эълон кард, ки Фаластинро бо марзҳои ҷанги шашрӯзаи соли 1967 ба расмият мешиносад. 13 намоянда аз додани рай худдорӣ карданд, 12 намояндаи дигар дар иҷлоси парлумон ширкат надоштанд. Касе ба ин қатънома мухолифат накард. Тасвиби ин қатънома роҳро барои эътирофи давлати мустақили Фаластин аз ҷониби Исландия ҳамвор мекунад. Вазорати хориҷаи ин кишвар гуфт, Исландия нахустин кишвари ғарбӣ хоҳад буд, ки истиқлоли Фаластинро ба расмият мешиносад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!