Вокуниши тунди сенатори афғон ба изҳороти Замир Кобулов
Маҷлиси сенои Афғонистон изҳороти ахири Замир Кобулов, намояндаи Путин дар Афғонистонро мудохила ба умури дохилии ин кишвар дониста, онро маҳкум кардааст.
Кобулов дар як суҳбат бо хабаргузории туркии “Анадолу” равобити кишварашро бо “Толибон” таъйид карда, гуфта буд, Русия бо “Толибон” дар Сурия манофеи муштарак доранд.
Фазлҳодӣ Муслимёр, раиси Маҷлиси Сенои Афғонистон дар ҷаласаи дирӯз, 20 ноябр изҳор дошта, ки равобити ҳар кишваре бо “Толибон” ба маънии душманӣ бо Афғонистон аст. Ӯ дар идома аз ҳукумати Афғонисон хостааст, “ба таври возеҳ мавқеи худро рӯшан созад. Маълумоте, ки дар даст дорад онро бо мақомоти русӣ дар миён бигузорад ва таърихи гузаштаи русҳоро ҳам ёд кунанд, то аз мудохила дар умури дохилии Афғонистон худдорӣ намоянд”.
Ин мақоми афғон афзуда, ба намояндагӣ аз аъзои Маҷлиси сено изҳороти ахири Кобуловро маҳкум мекунад: “Толиб душмани Афғонистон аст ва равобит бо душман душманӣ бо мардуми Афғонистон аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |