Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ нигаронии худро аз қатли Бахтиёр Расулов ва Зокир Қурбонқулов баён кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКХ, ба ин манзур сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов ба вазорати умури хориҷии Тоҷикистон даъват шудааст.Гуфта мешавад, вазорати мазкур қатли ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро паёмади ҳангома ва сарусадое, ки расонаҳои Русия ва баъзе аз афроди саршиноси ин кишвар алайҳи муҳоҷирони тоҷик роҳандозӣ карданд, донистааст.Ҷониби Тоҷикистон хостори қатъи ҳамчуни матолиб ва баёнияҳои зидди муҳоҷирони тоҷик шуда аз мақомоти Русия хостааст, ки омили қатли ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва муҷозот кунанд.Сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов дар навбати худ гуфтааст, ки мақомоти кишварашро аз ин раванд огаҳ мекунад ва аз ҷараёни таҳқиқи қазияи қатли ду муҳоҷири тоҷик ба ҷониби Тоҷикистон иттило хоҳад дод.
Ёдрас менамоем, парлумони Тоҷикистон ва ҲНИТ аз рухдоди қазияи мазкур дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ибрози нигаронӣ карда, бо изҳорот баромад карда буданд. Бахтиёр Расулов, шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ду рӯз қабл дар яке аз ҷангалзорҳои Санкт-Петербурги Русия аз сӯи афроди номаълум ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шуд. Тани бе сари ӯ айни замон дар ташхиси пизишкон ва мақомоти Русия қарор дорад.
Мӯҳр